Занозанӣ дар Маскав: Муҳоҷирони тоҷикро пеш мекунанд (Видео)

ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи тафтишоти Русия аз анҷоми тафтиши парвандаи занозании хунини моҳи майи соли 2015 дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав хабар дод.

Хулосаи асосии тафтишот ин аст, ки ҳадафи мудири оромгоҳ Юрий Чабуев ва шариконаш аз ин занозанӣ, ки боиси ҳалокати се тоҷик ва ҷароҳат бардоштани беш аз 30 тани дигар шуд, аз ин оромгоҳ рондани муҳоҷирони тоҷик буд.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 1 ноябр аз анҷоми тафтиши парвандаи пурсарусадои занозании хунин дар оромгоҳи Хованское хабар дод ва гуфт, парванда барои муҳокима ба додгоҳ супурда мешавад.

Дар иттилоияи маркази матбуоти Кумитаи тафтишот, ки як нусхааш ба дасти сомонаи «Ахбор” ҳам расид, гуфта мешавад, ки «дар байни 17 айбдоршаванда аз ҷумла мудири собиқи қабристони Хованское Юрий Чабуев, корманди собиқи пулиси Маскав Никита Мошенко ва ташкилкунандаи бетартибиҳо Александр Бочарников, иштирокунандагони бетартибиҳо Сергей Улихин ва Владимир Колесников вобаста ба нақшашон бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия – қисми якуми моддаи 212 (ташкили бетартибиҳои оммавӣ), қисми дуюми ҳамин модда (ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ), қисми чоруми моддаи 111 (расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги беш аз ду нафар шудааст) ва қисми сеюми моддаи 286 (берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин шудааст) – айбномаи ниҳоӣ эълон шуд.”

Ба ин 16 нафар акнун танҳо бар асоси моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Русия то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтишот мудири собиқи қабристон Юрий Чабуев(ДАР АКС) ва яке аз муассисони созмони ҷамъиятии «Здоровая нация»Александр Бочарниковро ташкилкунандагони асосии ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованское ном мебарад. Муфаттишон ба хулосае омадаанд, ки «Чабуев ва Бочарников ин бетартибиҳои оммавиро бо мақсади зӯран аз қаламрави қабристон танг кардани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ташкил кардаанд.”

Дар пайи ин занозанӣ пулиси Маскав беш аз 110 нафарро дастгир кард. Аз ин шумор 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карда, 15 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

То имрӯз бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили занозанӣ дар қабристони Хованское 17 аз дастаи Юрий Чабуев ва шариконаш ва 5 тан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар боздошт қарор доранд.

5 зодаи шаҳри Роғун -Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоимардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев — ба авбошӣ айбдор мешаванд ва додгоҳи минтақаи Шербинкаи шаҳри Маскав рӯзи 29 август ба муҳокимаи парвандаи онҳо оғоз карда буд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply