Дар ғорҳои гарми Антарктида кӣ зиндагӣ мекунад?

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар зери пиряхҳои Антарктида метавонад дунёи дигар пинҳон шуда бошад. Ҳайвонҳои нодир, растаниҳо, ки то имрӯз номаълуманд, метавон дар зири пиряхҳои Антарктида  дарёфт, қайд мекунанд олимони соҳа.

Дар зери яхҳои Антарктида ғоре пайдо гардидаст, ки табиати хоса дошта, хело равшан аст. Ин равшанӣ аз ҳисоби қимаҳои вулқани  чандин ҳазор сол пеш ба вуқуӯъомада, ба вуҷуд омдааст. Ҳамчунин ин ғор метавонад то 25 градус гарм шавад, ки ҳодисаи нодир аст. Ҳарорати гарм имконият медиҳад ки дар ин ғори яхин ҳаргуна растаниҳо сабзаду ҳайвонҳо зиндагӣ кунад.

Тадқиқотчиёни австралиягӣ муаян намуданд, ки дар назди кӯҳи Эребус, вулқони ҷӯшонро дар ҷазираи Росс дар Антарктида дарёфтанд, ки дар дохили пиряхи Антарктида ғорро ба вуҷуд овардааст. Тадқиқот нишонаҳои  ғайриоддиро ба бор овардааст. Дар натиҷаи ДНК намудани олимон дар ин ғор  нишонаҳи хомушаку паша, растаниҳои зери обӣ ва дигар ҷонваронро пайдо намуданд.

Ин тадқиқот исботи он аст, ки пеш аз яхпӯш гардидани Антарктида дар он ҷо ҳаёт мавҷуд будааст.

«Қадами навбатии мо ин дарёфт намудани нишонаҳои ҳайвонотҳои ба мо номаълу аст, ки барои  мо як сирри дигари табиат боз мешавад»- мегӯянд олимон.

Тадқиқотчиён бар ин назаранд, ки дар зери яхи Антарктида метавонад зиёда 15 ғор мавҷуд бошад ва шояд онҳо байни ҳам пайваст бошанд. Ҳамаи ин дар натиҷаи таркиши вулқонҳо ба миён омадаанд, ки метавонад боз зиёд шаванд.

Таҳияи Саодат Розиқзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply