Духтари сермуйтарин ба шавҳар баромад

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Супатра Сасунфан ,ки соли 2010 ҳамчун сермӯйтарин духтар дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда буд, дар синни 17 солагӣ ба шавҳар баромад.Ӯ дар кишвари Таинланд ба дунё омада, аз бемории нодире бо номи гиппертрихоз гирифтор аст. Мӯйҳои бадани ин духтарак зуд месабзанд ва тамоми баданашро пахш кардаанд. Дар таърих ҳамагӣ 50 нафар чунин шахсон сабт гардидаанд. Наздикони Супатра умедворанд,ки ӯ дар зиндагии якҷоя бо шаваҳараш хушбахт хоҳад шуд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply