Русия: Сӯхтори анбор ҷони 7 муҳоҷирро рабуд

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар натиҷаи сӯхтор дар як анбор дар вилояти Ленингради Русия, ки шаби 13 июл сар зад, ҳафт одам кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
Ҷасади кушташудаҳо ҳангоми тоза кардани анбор аз бозмондаҳои сӯхтор пайдо шуданд. Дар анбори мазкур санги роҳсозӣ истеҳсол мешуд.

Хабар дода мешавад, ки масоҳати умумии оташсӯзӣ 600 метри мураббаъро дар бар гирифтааст. Сабабҳои сӯхторро ҳанӯз дақиқ накарданд. ТАСС менависад, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар умури Санкт-Петербург нисбати ҳодисаи мазкур парванда таъсис дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply