Кушта шудани ду полис аз ҷониби зодагони ОМ

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, ду корманди пулис шоми 29 декабр дар задухӯрд бо зодагони Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. 4 нафар бо иттиҳоми ҳамла ва куштори кормандони пулис дастгир шудаанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки ҳамаи гумонбарон ба ҳамла ва куштори кормандони Росгвардия дастгир шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси Маскав гуфт, «дар ҷараёни амалиёти муштараки пулис ва Госгвардия 4 гумон ба ҳамла ба кормандони Росгвардия дар ҳудуди ҳавзаҳои Троитский ва Новая Москва дастгир шуданд. Силоҳи кормандони кушташуда аз дасти ҳамлагарон мусодира карда шуд.”

Бино ба гузоришҳо, шоми 29 декабр кормандони Росгвардия дар посух ба хабари занозанӣ ба шаҳраки Роговское омаданд. Шабакаи телевизионии НТВ мегӯяд, ки кормандони пулисро ба ин шаҳрак маъмурияти мағозаи «Диксе” дар пайи як талоши ҳамлаи ғоратгарона ба ин мағоза даъват кардаанд.

Бино ба гузориши сомонаи Лента.ру, дар инҷо байни онҳо ва се зодаи Осиёи Марказӣ, ки афсарони пулис мехостанд асноди онҳоро тафтиш кунанд, муноқиша сар мезанад. Зодагони Осиёи Марказӣ дар ҷараёни муноқиша ду пистолет-пулемёти «Кедр” ва пистолети Макарови кормандони пулисро соҳиб шуда, ҳардуро мепарронанд ва аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд.

Як корманди пулис дар ҷояш кушта шуда, дувумиро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Вале табибон ҷони ин афсарро наҷот дода натавонистаанд.

Аммо дар ҳоле ки манобеи «Лента.ру” ҳамлагаронро зодагони Осиёи Марказӣ ном мебаранд, хабаргузории «Москва” низ бо такя ба манобеаш дар пулис ҳамлагаронро зодагони минтақаи Қафқози шимолӣ номида буд.

Дар пайи ҳамла ба кормандони пулис дар саросари Маскав ва атрофи он амалиёти «Перехват” роҳандозӣ шуда, сардори пулиси Маскав Олег Баранов ва дигар раҳбарони аршади мақомоти интизомии Русия ҳама ба ҷои ҳодиса рафтанд.

Ҳамлагаронро дар наздикии маҳалли куштори кормандони пулис дастгир кардаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply