Ҳисорибачаро кӣ кушт?    

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Ҷасади беҷони муҳоҷири  тоҷик Бердиев Дилшоди 29 соларо санаи 13 ноябри соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 4-и субҳ, дар шаҳри Алматои кишвари Қазоқистон бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. Номбурда, дар ин кишвар тахминан чор моҳ мешавад, ки  ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ  кору зиндагӣ мекардааст.

Чуноне дар суҳбат ба мо яке аз пайвандони марҳум Зафар Қурбонов, собиқ адвокати “Сипар”  гуфт:  “Рӯзи 13 ва 14-уми ноябр, дар ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Ҳисор овозаҳои гуногун, ки гӯё Дилшод аз таъсири зиёди маводи мухадир, ба қавли дигар “передозировка”  ба марг рӯ ба рӯ шудааст, паҳн гашт, ки ҳатто мо  наздиконаш аз марги ӯ хабардор набудем. Ростӣ гап, ин овозаҳо барои оилаи мо  даҳшат буд, зеро ҳамаи хешу таборонамон аз рукнҳои ислом бохабар буда,   бо намозу рӯза ҳастем. Ин тӯҳмат аст, зеро аниқ медонем, ки фарзанди мо ҳеҷ вақт маводи нашъадор, алалхусус ҳероин истеъмол намекард.”

Ҳамчунин, Қурбонов З қайд кард, ки аз маълумотномаи вафоти тартибдодашуда тахти №2686 аз 15.11.2016,  аз тарафи ташхиси суди – тиббии ш. Алмаатои кишвари Қазоқистон тартибдодашуда бармеояд, ки марҳум Бердиев Д.Х. аз заҳролудшавии маводи номаълум фавтида будааст. Лекин, вақте ки рӯзи  16-уми ноябр  баъди дарёфт намудани ҷасад ва овардани ӯ ба Ватан,  маълум гардид, ки Бердиев Д.Х. аз марги маҷбурӣ  ба ҳалокат расидааст. Дар бадани марҳум асари лату куби шадид ва  аз рӯи мушоҳидаҳои тахминии мо китфи чапи шикаста, пушти сараш бо предмети сахт зарба расонида шуда, гарданаш шикаста шудааст. Дар тамоми баданаш тақрибан 26 ҳолати лату куб дида шудааст, ки дар аксҳо омадааст.

Тибқи хабарҳои ба мо расида, парвандаи ҷиноятӣ оиди ин ҳолат дар кишвари шарики стратегии мо Қазоқистон пеш аз муҳлат бе муайян кардани ҳолатҳои воқеии фавти марҳум қатъ карда шудааст, ки мо ба ин рози шуда наметавонем. Зеро дар ягонҷо оиди аломатҳои марги маҷбурӣ, китфи чапи шикаста, пушти сараш бо предмети сахт зарба расонида шуда, гардани шикаста, осори харошидагӣ, лату куб, хуномосҳо ва зарбу лат умуман сухан норафта, ин ҳолатҳо мавриди санҷиш қарор нагирифтааст, гуфт дар охири суҳбат Зафар Қурбонов.

Назокат Қурбонова ҳамсари Дилшод Бердиев, ки ба ҳайси муаллимаи забони русӣ ва англисӣ дар мактаб дарс мегӯяд, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ чунин қайд кард, ман фақат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ хоҳиш менамоем, ки ба ин кор дахолат намуда, оиди муайян намудани ҳолатҳои марги маҷбурӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ  қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ  ҷоннок намуда ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, пайдо намудани қотилон ва ҷазо додани он кӯмаки амалии хешро расонанд.

Бердиев Дилшод Холаҳмадович 20 июни соли 1987 таваллуд шуда, ҷойи истиқоматаш ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Ҳисор мебошад. Марҳум соҳиби оила ва чаҳор фарзанди хурдсол буда, тақрибан чор меҳ пеш барои ба даст овардани қути лоямут ба шаҳри Алматои ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуда, баъдан ҷасади ӯро ба Тоҷикистон интиқол доданд.

sam_0339

sam_0340

sam_0342-1

sam_0343

sam_0345

Маҳинаи Давлат

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • хеле аз маводхо, сабтхо ва аксхое хастанд ки шаходатгари аз марги мчбури ба шаходат расидани ин бародар далолат мекунанд!

  • куштор сар задас, бо чаро ташхисгохаш гуфтаанд, ки «передазировка» шудаги аст. Конун ки ин чиро нахорат накунад, аз мо мардуми оди чи гила. Агар точикистон барои аник ва муаян сохтани ин кор бокувати кунад, гунахгоронро пайдо кардан чандон мушкил нест, зеро барои далел мо иллатхои бо даст зарбёфтаи ин чавони хисориро дар аксхо алакай дидаему шохиди хохем дод.

  • аз маълумотномаи вафоти тартибдодашуда тахти №2686 аз 15.11.2016, аз тарафи ташхиси суди – тиббии ш. Алмаатои кишвари Қазоқистон тартибдодашуда бармеояд, ки марҳум Бердиев Д.Х. аз заҳролудшавии маводи номаълум фавтида будааст. Лекин, вақте ки рӯзи 16-уми ноябр баъди дарёфт намудани ҷасад ва овардани ӯ ба Ватан, маълум гардид, ки Бердиев Д.Х. аз марги маҷбурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар бадани марҳум асари лату куби шадид ва аз рӯи мушоҳидаҳои тахминии мо китфи чапи шикаста, пушти сараш бо предмети сахт зарба расонида шуда, гарданаш шикаста шудааст. Дар тамоми баданаш тақрибан 26 ҳолати лату куб дида шудааст, ки дар аксҳо омадааст.

  • Худо Рахматаш кунад, ба оилаи мархум сабри чаьмил дихад.

  • Ростӣ ба дидану шунидани чунин аксҳо табъи инсон хира мегардад.
    Мо муҳоҷирон ба чунин ҳодисаҳо ру ба ру мешавем берун аз кишвар,пеш аз ҳама дар Федерацияи Руссия.
    Худованд қабрашро яке аз боғҳои Ҷаннат гардонад.
    Омин!!!

Leave a Reply