Қирғизистон: Автобуси муҳоҷирони тоҷик ба садама дучор шуд

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Як автобусе бо муҳоҷирини тоҷик дар роҳи Бишкек-Ош ба садама дучор шудааст. Дар дохили автобус 24 муҳоҷири тоҷик қарор доштааст, ки аз Русия бо роҳи Қирғизистон ба Тоҷикистон бармегаштанд.

Ба нақли хабаргузориҳои қирғизӣ, ҳодиса субҳи барвақти 7-уми ноябр рух дода дар пайи он панҷ тан аз муҳоҷирон захм бардоштаанд.

Ҳодисаро пулиси маҳаллӣ таҳқиқ мекунад.

Одатан дар мавсими тирамоҳ муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд. Бозгашт ба Тоҷикистон тариқи автобус дар қиёс ба қатор ва ҳавопаймо нархи камтар дорад ва муҳоҷироне, ки пули зиёд надоранд, аз ин роҳ ҳаракат мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply