Хисрав Орипов ду моҳигирро кушту ҳукми абад гирифт

МУҲОҶИР, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Додгоҳи олии Русия рӯзи 1 ноябр ҳукми ҳабси умрбоди шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон Хисрав Ориповро бетағйир боқӣ гузошт. Хисрав Орипов ба қатли ду моҳигир дар вилояти Маскав ва захмӣ кардани афсари пулис айбдор мешавад. Додситонии кулли Русия гуфт, Хисрав Орипов ин ду моҳигирро «кофир” гуфта куштааст.

Додситонии кулли Русия рӯзи 1 ноябр бо нашри як гузориш дар сомонааш хабар дод, ки коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Русия ҳукми ҳабси абади шаҳрванди Тоҷикистон Хисрав Орпиов, соли таваллудаш 1992-ро бетағйир боқӣ гузошт ва ин ҳукм ба иҷро даромад.

Додгоҳи вилояти Маскав Хисрав Ориповро, ки ба қатли ду моҳигир ва ҳамла ба афсари пулис айбдор мешуд, моҳи июн бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Додситонии кулли Русия менависад, ки «Хисрав Орипов ақидаи муносибати таҳаммулнопазир нисбат ба динҳои дигарро ҷонибдорӣ мекард ва тасмим гирифта буд, ки намояндагони мазҳабҳои ғайримусалмониро бикушад.”

Субҳи барвақти 17 июни соли 2016 Хисрав Орипов дар назди кӯли «Барские пруды” дар шаҳри Фрязинои вилояти Маскав Хисрав Орипов се моҳигири ношиносро дода, бо корд ба онҳо ҳамла мекунад. Яке аз моҳигирон тавонист фирор кунад, вале дуи дигар кушта шуданд. Додситонии Русия мегӯяд, Орипов ба бадани онҳо беш аз 100 зарбаи корд задааст.

Худи ҳамон рӯз баъди онки пулис шахсияти ҳамлагарро маълум кард ва кормандонашро барои боздошти Хисрав Орипов фиристод, ин ҷавони тоҷик бо корд ба сари синаи як афсари пулис зарба зад. Ҷони пулисро ҷавшан (бронежилет), ки дар тан дошт, наҷот дод.

Хисрав Орипов дар шикояташ аз ҳукми ҳабси абад навиштааст, ки ин ҳукм ғайриқонунӣ ва беасос буда, амалҳои ӯро баҳои ҳуқуқии нодуруст ва барояш ҳукми беш аз ҳад шадид додаанд. Аммо ҷониби тафтишот тавҷеҳҳои овардаи Ориповро рад кард ва Додгоҳи олии Русия низ дар ҷаласаи рӯзи 1 ноябраш аз мавқеи додситонӣ пуштибонӣ кардааст.

Қаблан нашрияи «МК”-и чопи Маскав бархе ҷузъиёти ин қатлҳои мудҳиш дар соҳили обанбори «Барские пруды”-ро нашр карда буд. Бино ба ин манбаъ, Хисрав Орипов тақрибан ду сол пеш бо мақсади кор ба Русия омад ва дар шаҳраки Фрязинои вилояти Маскав маскун шуд. Хисрав Орипов дар корхонаи мебелсозии Фрязино кор мекард ва ҳамзамон ба варзиш машғул буд. Ӯ ҳар рӯз дар атрофи «Барские пруды” медавид.

Субҳи барвақти 17 июни соли 2016 низ Хисрав бо мақсади давидан дар атрофи кӯл аз манзили иҷорааш берун шуд. Дар ин асно се сокини маҳаллӣ – Александри 44-сола, Виталийи 42-сола ва Игор, ки 39 сол дошт, дар соҳили кӯл моҳигирӣ мекарданд.

Маълум нест, ки вақте Хисрав аз паҳлуи ин се моҳигир мегузашт, байни онҳо чӣ моҷарое пеш омад? Вале аз маводи парвандааш чунин бармеояд, ки Хисрав Орипов бо корд ба ин се дӯсти моҳигир ҳамла кардааст.

Игор гуфтааст, ки банохост зарбаи сахтеро ҳис кард ва аз по афтода, аз ҳуш рафт. Ӯ вақте ба худ омад, дид, ки Хисрав Орипов дар даст корди хунин дорад. Игор бо талвоса аз ҷои ҳодиса гурехт, ки пулисро хабар кунад.

Дар ин байн, ба гуфтаи тафтишот, Хисрав Орипов бо корд ба Александр ва Виталий ҳамла кардааст. Александр, ки мехост аз худ дифоъ кунад, аз дастонаш чанд зарби корд хӯрд ва як зарбаи дигар аз ноҳияи гарданаш, ки сабаби марги ӯ шуд. Виталий низ чандин зарби корд хӯрд ва дар ҷои ҳодиса ҷон дод.

Игори захмӣ дар ин муддат худро то шӯъбаи пулис расонда, аз дучори ҳамла шуданашон хабар додааст. Кормандони пулис вақте ба лаби кӯл расиданд, ки ду моҳигири дигар алакай ҷон дода буданд. Баъди каме ҷустуҷӯ пулис Хисрав Ориповро корд дар даст пайдо кард.

Хисрав Орипов ба кормандони пулис низ муқовимат ниҳон дода, яке аз онҳоро аз сари синааш корд зад, вале афсари пулисро бронежилет наҷот дод.

Пулис баъди чунин муқовимат ба пои Хисрав тир зада, ӯро аз пой афтонд ва дастгир кард.

Ба гуфтаи тафтишот, ӯ яке аз моҳигиронро бо 43 зарбаи корд ва дувумиро бо 61 зарба куштааст. Додгоҳи вилояти Маскав моҳи июн Хисрав Ориповро дар куштор ва сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор шинохт ва ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Нашрияи «МК” ҳам навишта буд, ки Хисрав Орипов гӯё исломгаро буд ва аз хонааш адабиёти мазҳабӣ пайдо кардаанд. Ҳоло додситонии кулли Русия низ мегӯяд, ки гӯё сабаби қасди ҷони моҳигирон кардани Хисрав Орипов тасмимаш барои куштани ғайримусалмонҳо будааст. Вале худи Хисрав дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки аз он рӯзи мудҳиш чизеро ёд надорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply