Газета.ру: Ду тоҷик дар амалиёти ФСБ кушта шуданд

МУҲОҶИР, ХАБАРИ ТОЗА

Газета.ру   менависад, ки рӯзи 19 апрел дар ҷараёни амалиёти ФСБ дар вилояти Владимир ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.   ФСБ кушташудаҳоро «зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ” ном бурдааст.

Сомона дар такя ба  як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия гуфт, фаъолиятҳои террористии ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни тафтиши ҳамлаи хунини рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки 15 кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷо гузошт, ошкор шудааст.

ФАН (Федеральное агенство новостей) низ аз қавли «як манбаи наздик ба ҳаводис” хабар дод, ки ду нафаре ки рӯзи 19 апрел дар вилояти Владимир аз байн бурда шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Аз ин пеш сомонаи «Народние новости России” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ҳарду кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

 Аммо то ҳол ному насаби кушташудагон маълум нест ва мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин маврид иттилоъе пахш накардаанд. Аммо ба иттилоъи сомонаи «Ахбор» синну соли кушташудагон яке 26 ва дигаре 30 сола будаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply