Рӯҳонӣ ва Мирзиёев: Дӯст хоҳем шуд

Слайдер, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

 

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Эрон, гуфтааст, равобити Эрону Узбекистон ҳеч вақт хасмона набуд, аммо равобити самимона ҳам надоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президенти Эрон, Руҳонӣ ин нуктаро баъди дидораш бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазоқистон баён доштааст. Руҳонӣ дар мулоқот, ки 10 сентябр доир гашт, изҳор доштааст, ки бо ҳамтои узбакаш тасмим гирифтаанд, равобити ҷадидро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохурӣ ҷонибҳо тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ саромоягузории ду кишвар, транзит ва хариду фуруши нафтро баррасӣ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, Руҳонӣ ба зарфиятҳои густурдаи Эрон ва Узбекистон барои тавсеаи ҳамкориҳо ишора карда, изҳор доштааст, ки “мо аз ҳузур ва фаъолияти сармоягузорони Узбекистон дар Эрон ва мутақобило аз ҳузури сармоягузорони эронӣ дар Узбекистон истиқбол мекунем. Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад наздиктарин масири дастёбии бозаргонони Узбакистон ба Халиҷи Форс ва обҳои озод бошад”.

Руҳонӣ дар идома гуфтааст, замина барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо миёни ду кишвар ҳамвор аст ва Эрон метавонад ниёзмандиҳои энергетикии Узбекистонро бароварда созад. Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Эрон, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ин мулоқотро дидоре таърихӣ унвон карда гуфтааст, Тошканд омодааст равобит худро бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа, беш аз пеш тавсеа диҳад.

Шавкат Мирзиёев, ҳамл ва нақлро аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар унвон карда, ҳамчунин хоҳони тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ, энергетика ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Узбекистон ҳамчунин гуфтааст, ки Тошканд аз узвият Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply