Муфатишҳо зану кӯбро бас кунед

Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармонеро имзо кард, ки ба эътибор гирифтани эътирофи гуноҳҳоро зери шиканҷа манъ мекунад.
Дар фармони «Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар фаъолияти додгоҳиву тафтишотӣ», ки 30 ноябр имзо шудааст, омадааст, давоми се моҳ боздоштгоҳҳо бояд бо дурбинҳои назоратӣ таъмин шаванд.
Бар асоси ин фармон, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шоҳидии шоҳидон, ҷабрдида, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, хулосаи тиббӣ, далели шайъӣ, сабти садо ва навор, ки бо вайрон кардани қонунгузории мурофиавӣ ба даст омадаанд, ба эътибор гирифта нахоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар фармон омадааст, ки тақаллуби далелҳо ва маҷбур кардан ба эътирофи гуноҳ ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай хоҳад дошт.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply