Муҳофизи президент раиси Кумитаи гумрук таъйин шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Муинҷон Тоҳирӣ, сардори Хадамоти амнияти раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов бо фармони президент Шавкат Мирзиёев раиси Кумитаи гумруки ин кишвар таъйин шудааст.

Зоҳид Дусанов, ки аз соли 2011 ба ин сӯ раҳбарии Кумитаи гумруки Ӯзбекистонро ба зимма дошт, дубора сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои андоз, асъор ва қонунигардонии даромадҳои ғайримашруи назди Додситонии кулли ин кишвар таъйин шуд. Дусанов қаблан, солҳои 2008 — 2011 дар ин вазифа кор кардааст.

Тоҳирӣ дар ҳоле раиси Кумитаи гумруки Ӯзбекистон таъйин мешавад, ки соли 2014 маҳз зери раҳбарии ӯ манзили зисти Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов кофтукоб шуба буд.

Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли 2014 кормандони мақомоти махсуси Ӯзбекистон ба манзили Гулнора Каримова ҳамла карданд. Духтари президенти пешини Ӯзбекистон он замон гуфта буд, ки ҳангоми ҳамлаи мақомоти махсус ӯ дар хона ҳамроҳи ҳамсараш Рустам Мадумаров, ёвари шахсӣ Гаяна Авакян ва кӯдакони ноболиғу ҳайати пешхидматонаш ҳузур дошт.

Баъдан сомонаи Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки Мадумаров, Авакян ва Клюева бо гумони содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир шуданд. Мақомоти ӯзбек Мадумаров ва Авакянро ба анҷоми муомилаҳои бузурги коррупсионӣ дар ин кишвар айбдор карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply