Модари рӯзноманигор аз президент кумак хост

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Гавҳархон Мадаминова, модари рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, ки се ҳафта мешавад, дар боздоштгоҳ қарор дорад, аз президент Шавкат Мирзиёев ва Додситонии кулли Узбакистон дархост кардааст, ки парванди писарашро зери назорати худ қарор диҳанд.

Модари 44-солаи рӯзноманигори мустақили узбак ба таҳқиқи одилонаи парвандаи писараш шубҳа дорад. Бобомурод Абдуллоев 27 сентябри соли равон дастгир шудааст. То ба ҳол муфаттишон иҷозат намедиҳанд, ки модараш бо ӯ мулоқот кунад.

Ба гуфтаи Мадаминова, вай 16 октябр ба дастгоҳи президент ва Додситонии кулли Узбакистон нома фиристода, дархост кардааст, ки санҷиши парвандаи писарашро зери назорат гиранд. Ӯ гуфтааст, ки вакилони дифои хусусӣ аз ҳимояти фарзандаш худдорӣ карданд ва ба ӯ вакили дифои давлатӣ пешниҳод шудааст.

«Писарамро нишон намедиҳанд. Вакили дифои давлатӣ бо Бобомурод мулоқот кард ва мегӯяд, ки ӯ хуб аст. Вакил гуфт, писарамро намезананд. Ман аз ӯ хостам, ки барои дарёфти иҷозати мулоқот бо писарам кумак кунад. Вале гуфт, ки то поёни тафтишот наметавонед фарзандатонро бубинед», — афзуд Мадаминова.

Абдуллоев ба «кӯшиши ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат» дар Ӯзбекистон айбдор мешавад.

Дар қарори додгоҳ омадааст, «Абдуллоев ба ҳайси як масъули «Ҳаракати мардумии Узбакистон» бо дастури раҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ сар аз соли 2011 дар Интернет матлабҳоеро нашр мекард, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply