Мирзиёев бо фасод мубориза мебарад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон 3 январ қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-и кишварашро имзо кардааст, ки аз рӯзи нашраш дар ВАО ба иҷро хоҳад даромад.

Дар ин қонун чораҳои огаҳкунандаи фасод дар бахши идораи давлат зикр шудааст, ки «таъмини шаффофият ва масъулияти мақомоти давлатӣ, назорати порлумонию ҷамъиятӣ, роҳандозии системаи арзёбии фаъолияти мансабдорон ва интихоби кадрҳо аз тариқи озмун»-ро дар бар мегирад.

Миёни чораҳои марбут ба бахши рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва соҳибкорӣ бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва бюрократӣ, содда ва баланд бардоштани саривақтии тартиби бақайдгирӣ ва марҳилаҳои иҷозатномадиҳӣ, беҳтар намудани вазифаи назоратии ниҳодҳои давлатӣ гуфта шудааст.

Қонуни мазкур кормандони ниҳодҳои давлатиро вазифадор мекунад, ки аз ҳама гуна ҳолатҳои қонунвайронкунии коррупсионӣ ба раҳбрият ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд. Дар сурати иҷро накардани талабот, корманд бар пояи қонунгузории Ӯзбекистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply