Генерал Азимов ба Душанбе меояд

Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сафари вазири корҳои дохилии Узбекистон ба Душанберо тасдиқ кард.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, гуфт, ки “генерал Абдусалом Азизов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вай дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе иштирок хоҳад кард.” Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, ин нишаст рӯзҳои 27-29 июн баргузор шуда, ҳамоҳангӣ дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои асосӣ хоҳад буд.Генерал Абдусалом Азизов бори аввал ба Тоҷикистон меояд. Ҳудуди 20 соли пеш Зокир Алматов, вазири вақти корҳои дохилии Узбакистон ба Тоҷикистон сафар карда буд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply