Шоир барои танқиди президент ба додгоҳ кашида шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҲУҚУҚ

Сокини шаҳри Бишкеки Қирғизистон Темирлан Ормуковро барои нашри шеърҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба додситонӣ бурда, бозпурсӣ кардаанд. Дар ин бора худи шоир хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, кормандони додситонӣ гуфтаанд, дар шеърҳояш аломати барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва таҳқири шаъну шарафи президент ҷой дорад. Аммо додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз накардааст.

«Муфаттишон гуфтанд, шеърҳои ман аз ташхиси филологӣ гузаронида шудаанд. Се нукта ташхис шудааст: оё дар ин шеърҳо паст задани шаъну шараф ва эътибори президент, туҳмат, аломатҳои барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад ё на», — мегӯяд шоир.

Ин нахустин ҳодисаест, ки мақомоти қудратии Қирғизистон аз рӯи нашри шеърҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтишот мегузаронанд. Додситонии он кишвар гуфтааст, ҳафтаи оянда маълумоти муфассалро дар ин бора нашр хоҳад кард.

Темирлан Ормуков дар Фейсбук шеъри «Қалби роҳбар ба дард омад»-ро нашр ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро танқид кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply