Атамбоев никоҳи ноболиғонро маън кард

ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон, ҲУҚУҚ

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон қонунеро имзо кард, ки никоҳи ноболиғонро манъ мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент, ҳадафи қонун пешгирӣ аз издивоҷҳои бармаҳал бо роҳи манъи никоҳи исломии ноболиғон аст.

Тағйироти мазкур ба ходимони дин ва падару модароне, ки дар маросими ақди никоҳи ноболиғон бидуни қайд дар ниҳодҳои давлатӣ иштирок мекунанд, аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Бар пояи омор, дар Қирғизистон 15%-и духтарон то синни 18 ва 1% то 15-солагӣ ба шавҳар дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Қирғизистон мегӯянд, ба иллати сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқӣ бештари занҳо, бахусус дар деҳот миёни ақди никоҳи расмию ғайрирасмӣ фарқ намегузоранд. «Онҳо намедонанд, ки никоҳи исломӣ ба занҳо ҳаққи бурдани меросу гирифтани кумаки моддии давлатӣ (алимент, пардохти яквақта, кумакпулӣ ва нафақа)-ро дар сурати талоқ ё вафоти ҳамсар, намедиҳад», — афзуданд масъулини ниҳоди мазкур.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply