Туркманистон: Ба ҷойи “Рухнома”-и Ниёзов “Сарчашмаи хирад”-и Бердимуҳаммадов

Туркманистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати маорифи Туркманистон, зимни судури як фармон омӯхтани китоби  “Сарчашмаи хирад”-и президент — Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба ҷойи “Рухномаи”-и Сафармурод Ниёзов лозим донистааст.

То ҳол дар Туркманистони китоби “Р        ухнома”-и Сафармурод Ниёзов чун фанни алоҳида таълим дода мешуд.

Романи  “Номи хуби фаннонашаванда”-и Бердимуҳаммадов  дар барномаи дарсии адабиёт барои синфи 7 чор соат ҷудо шудааст.

Президенти Туркманистон муаллифи китобҳои зиёд буда, танҳо худи ҳамин сол 6 китоб навиштааст, ки охиринаш “Мусиқии сулҳ, дӯстӣ ва бародарӣ” аст. Ҳамчунин  китобҳои “Чой-дору ва илҳом”, “Суръати тези асп” ва “Шукуҳи осмонӣ” аз китобҳои дигари ӯ мебошанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply