Суруди солинавии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Туркманистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳамроҳ бо ду наберааш суруди «Can’t Stop the Feeling»-ро, ки оҳанги сарояндаи машҳури амрикоӣ Ҷастин Тимберлейк аст, сароид. Бердимуҳаммадов 28 декабр аз майдони марказии ҷашнҳои солинавӣ дидан кардааст.

Бо таманнои хушбахтиҳои солинавӣ, таътили хуби зимистонӣ, барор дар таҳсил Бердимуҳаммадов гуфтааст, ҳамаи бачаҳоро ояндаи дурахшон интизор аст. Баъди ин вай ба мулоқоти кӯдакони мансабдорон рафтааст.

Дар ин ҷо Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо ду наберааш сарояндагӣ кардааст. Президенти Туркманистон як писар, се духтар ва чаҳор набера дорад. Бердимуҳаммадов аз соли 2007 ба ин сӯ президенти Туркманистон аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply