Серхаридортарин асари сол

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар намоишгоҳи фурӯши «Ҷаҳони китоб»-и Тошканд раддабандии серхаридортарин асарҳои соли 2016 баргузор шуд.

Дар бахши «Адабиёти иҷтимоию сиёсӣ» китоби «Юксак маънавият – енгилмас куч»-и Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон мақоми аввалро касб кардааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин се китоби дигари Каримов дар бахши мазкур ба панҷгонаи беҳтарин китобҳои сол ворид шудаанд. Миёни адабиёти маънавию омӯзишӣ китобҳои «Меҳмон туйғулар»-у «Одамийлик мулки»-и Тоҳир Малик ва «Руҳий тарбия»-и шайх Муҳаммад Содиқ Юсуф серхаридор хонда шудаанд.

Дар бахши «бадеӣ» хонандаҳои ӯзбек асарҳои Уткир Ҳошимов, Марсел Брион ва Чингиз Айтматовро беҳтарин дониста, китобҳои Худойбердӣ Тухтабоев, Ҷонатан Свифт ва Ғафур Ғулом миёни ҷавонон машҳур будаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply