Русия: 6 ҳазор имзо бар зидди ҳайкали Каримов

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар сомонаи Change.org аризае таҳти номи «Зидди гузоштани пайкара барои президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар Москва» нашр шуд. Ташаббускори ин иқдом, узви ҳизби ЛПДР Георгий Городетский мегӯяд, дар пойтахти Русия пайкараи «русбадбин ва диктатор» Ислом Каримов гузошта нахоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, вай бар ин назар аст, Русия бояд барои «ӯзбекҳои бефарҳанг, ки бо русӣ навиштаву хонда наметавонанд, виза ҷорӣ кунад». Аз ин ариза бештар аз 6 ҳазор одам ҷонибдорӣ кардааст.

1 ноябри соли 2016 раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дар бораи гузоштани пайкараи Ислом Каримов дастур дод. Пайкара бояд то 31 декабри соли 2019 дар наздикии сафорати Ӯзбекистон дар Москва гузошта шавад.

Маблағи харҷи сохтани пайкараро дар ҳаҷми 35 миллион рубл ҷониби Ӯзбекистон ба зима гирифта, аммо корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии атрофи пайкара аз ҳисоби буҷаи Москва амалӣ мешавад.

Бино бар иттилои мақомоти муҳоҷирати Русия, бештар аз 1 миллион 700 ҳазор ӯзбек дар Русия ба ҳайси муҳоҷир ҳузур доранд ва бештар аз 200 ҳазори дигар ба таври доимӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply