Роман дар бораи Тоҷикистон довталаб ба «Русский Букер”

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Романи «Заҳҳок”-и адиби рус Владимир Медведев, ки дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва зулму ситами «боевик”-ҳо қисса мекунад, ба рӯйхати лонг-листи довталабони ҷоизаи «Русский Букер” роҳ ёфтааст.

Пётр Алёшковский, раиси ҳайати ҳакамони ҷоизаи «Русский Букер” гуфт, ҳакамон аз байни 75 асар танҳо 19 асарро барои лонг-лист (рӯйхати дароз ё пурра)-и ин ҷоизаи мӯътабари адабии Русия интихоб кардаанд. Дар байни асарҳои интихобшуда якеаш романи «Заҳҳок”-и Владимир Медведев, адиби русест, ки дар Душанбе ба воя расидааст.

Андрей Волос, як адиби руси дигари зодаи Тоҷикистон низ бо романи «Должник” («Қарздор”) дар ҷумлаи довталабони «Русский Букер” мебошад. Аммо ба фарқ аз чанд романи қаблиаш, чун «Хуррамобод” ва «Бозгашт ба Панҷрӯд” романи нави Андрей Волос дар бораи Тоҷикистон нест.

Романи нави «Заҳҳок”-и адиби рус Владимир Медведевро, ки дар баҳори соли ҷорӣ нашр шуд ва дар бораи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва зулму истибдоди «боевик”-ҳи тоҷик дар он даврон қисса мекунад, яке аз беҳтарин романҳои адабиёти рус дар солҳои охир ном мебаранд.

Владимир Медведев дар Забайкалйе ба дунё омада ва дар Тоҷикистон ба воя расидааст. Медведев солҳои зиндагиаш дар Тоҷикистон дар экспедитсияҳои геологӣ ва чанд сол ба ҳайси омӯзгор дар яке аз деҳаҳои кӯҳистон ва сипас дар маҷаллаи адабии «Помир” кор кардааст.

Баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Владимир Медведев ба Маскав кӯчид ва дар маҷаллаи «Дружба народов” ба кор пардохт. Вале аксари шеърҳо ва асарҳои насрии Владимир Медведев, аз ҷумла романи охиринаш «Заҳҳок” ба Тоҷикистон бахшида шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply