Назарбоев боз «Одами сол»-и Россия шуд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон барандаи ҷоизаи «Одами сол»-и Русия «барои талошҳояш дар сиёсати ҷаҳонӣ ва таҳкими Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» шуд.

Ин ҷоизаро Донишкадаи биографии Русия соли 1993 таъсис додааст. Маросими супоридани ҷоиза 21 декабр дар Москва сурат гирифт.

Миёни барандагони ҷоизаи мазкур Владимир Путин, президенти Русия ва роҳбари Чин Си Ҷинпин низ ҳастанд. Путин «барои таҳкими мавқеи Русия» ва роҳбари Чин «барои рушди ҳамкориҳои стратегӣ миёни Русия ва Чин» соҳиби ҷоиза шудаанд.

Ҳамчунин вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадулӣ «барои саҳми фаъолаш» дар таҳияи филми «28 панфиловҳо» ҷоиза гирифтааст.

Ду сол аст, Назарбоев пайи ҳам ин ҷоизаро барои нақши чашмрасаш дар ташкил ва таҳкими Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соҳиб мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply