Наврӯз дар Маскав

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Русия дар “Eurovision-2017” ширкат мекунад?

Наврӯз аз 21-уми март ба 1 апрел

«Sputnik»-агентии иттилоотӣ. Соли равон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Маскав санаи 1 апрел дар толори рақами 75-и Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова ба агентии иттилоотии «Sputnik» хабар дод.

Хуршеда Ҳамроқулова сабаби як ҳафта ба таъхир гузоштани ҷашнгирии Наврӯзро ба  банд будани толор дар   ВДНХ — макони баргузории ҷашн дар Маскав арзёбӣ кард.

«Аввал қарор буд, ки Наврӯз дар Маскав рӯзҳои 25 — 26-уми март, ки рӯзҳои таътил ҳастанд, ҷашн гирифта шавад. Аммо дар ин рӯзҳо толори 75-уми ВДНХ, ки барои баргузории ҷашнҳои бузург муносиб аст, холӣ нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҷашни Наврӯзро якуми апрел баргузор кунем», — гуфт Хуршеда Ҳамроқулова ба манбаъ.

Ҳамчунин, номбурда афзуд: «Наврӯзро аз қадимулайём 14 рӯз ҷашн мегирифтанд ва ишколе надорад, ки мо ҷашнамонро дар 10-умин рӯз баргузор мекунем».

Соли гузашта Наврӯз дар  дар  шаҳри Маскав 20-уми март ҷашн гирифта шуда, дар он беш аз 35 ҳазор нафар ширкат карда буданд. Дар чорчӯби барномаҳои он ҷашн барномаи консертӣ, мусобиқаи гӯштингирӣ, ҷашнвораи хӯрокҳои миллии эронитаборон ва ҳамчунин, бархе аз мардумони туркизабон баргузор шуданд. Хуршеда Ҳамроқулова афзуд, ки имсол шумораи меҳмонон зиёд хоҳад буд: «Имсол дар барномаи наврӯзӣ намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард». Вай гуфт, ки имсол барномаи бошукӯҳи консертӣ бо ширкати Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, Аскаралӣ Гулов, Шаҳзод Ҳакимов, гурӯҳи созу овози «Эхо Памира», гурӯҳҳои рақсии «Гулчин» ва «Нур» баргузор хоҳад шуд. Ба гуфти раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав, дар барномаи имсола ҳамчунин баргузории ҷашнвора-озмуни «Оини палавпазӣ» баргузор карда мешавад: «Ошпазон дар назди мардум ҳунари худро нишон хоҳанд дод». Барномаҳо аз соати 10 — субҳ оғоз шуда соати 10 — шаб ба поён мерасанд. Ширкат ва боздиди барномаҳо озоду ройгон аст.

«Eurovision-2017»- намояндаи Русияро роҳ намедиҳанд

«Новая газета»-нашри Маскав. Юлия Самойлова сарояндаи машҳури русро, ки соли равон дар озмуни байналмилалии “Eurovision-2017” ширкат меварзид, эҳтимол барои ширкат варзидан роҳ надиҳанд. Мақомоти Украина, ки қарор аст озмун дар пойтахти ин кишвар шаҳри Киев баргузор гардад, ба манбаъ иттилоъ медиҳанд, ки  ба намояндаи Русия Юлия Самойлова бинобар сафараш ба нимҷазираи Қрим, иҷозаи вуруд ба он кишвар барои ширкат дар озмуни мусиқии “Eurovision-2017”, дода нашавад.

Ба иттилои Олена Гитлиянска, котиби матбуотии Кумитаи амниятии Украина ин масъала ҳамакнун аз сӯи ниҳодҳои амниятии Украина мавриди омӯзиш қарор дорад ва дар мавриди иҷозаи вуруди Юлия Самойлова ба қаламрави он кишвар, тибқи қонун тасмим хоҳанд гирифт. Бар пояи қонунҳои Украина, сафар ба минтақаи Қрим, ки ҳоло таҳти назорати Русия қарор дорад, бидуни иҷозаи Киев ғайриқонунӣ мебошад. Соли гузашта Украина 140 нафар аз ҳунармандони Русияро, ки ба ин минтақа сафар карда буданд, дар «рӯйхати сиёҳ» шомил карда буд.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки хадамоти амниятии он кишвар дар бораи Самойлова тафтиш хоҳанд кард.

Русия овозхон Юлия Самойловаро барои намояндагии ин кишвар дар озмуни мусиқии “Eurovision-2017” интихоб кард. Рӯзи 12 март исми Самойлова ба ҳайси намояндаи расмии Русия дар ин озмун тавассути телевизиони давлатии Русия эълон шуд. Юлия Самойловаи 28-сола аз хурдӣ дар аробачаи маъюбӣ аст ва қарор аст дар озмуни мусиқии Аврупо бо оҳангаш “Оташи сӯзон” ба забони англисӣ ҳунарнамоӣ кунад. Бо вуҷуди талоши ташаббускорони озмун барои фирор аз мавзӯъҳои сиёсӣ, ин озмун ҳамеша таҳти таъсири таҳаввулоти сиёсӣ қарор мегирад.

Вазири умури хориҷии Украина Павло Климкин ба сайти хабарии Liga.net гуфтааст, ки хадамоти амниятии кишвараш дар бораи Самойлова тафтиш хоҳанд кард: «Ман фикр мекунам, ки қонун бояд барои ҳама яксон бошад. Русия аз чандин сол ба ин тараф амалҳои таҳрикбарангез анҷом медиҳад». Аммо сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфтааст, ки интихоби Самойлова барои ширкат дар ин озмун озодона аз сӯи Шабакаи аввали он кишвар гирифта шудааст. «Мо дар ин ҷо ҳеҷ гуна амали таҳрикбарангезро намебинем», — гуфтааст Песков


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply