Лайка ба кайҳон рафту наомад

ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Имрӯз аз парвози саге бо номи Лайка ба кайҳон 60-сол сипарӣ шуд. Лайка мавҷудоти зинда зинда буд, ки ба мадори замин бароварда шуд. Парвози Лайка ноябри соли 1957, як моҳ баъд аз партоби мушаки сунъи, ба кайҳон сурат гирифт ва омодагӣ ба ин сафар чанд сол ҷараён дошт.

Лайка дубора ба замин барнагашт — ӯ баъди шаш соати парвоз аз гарми шадид дамгир шуд. Сагро қабл аз парвоз ҷарроҳӣ ва ба танаш дастгоҳи санҷиши нафас ва набзро насб карданд. Олимон медонистанд, ки Лайка дигар ба замин барнамегардад. Зеро он замон имкони фаннӣ вуҷуд надошт.

Парвози саг ба наздикии мадори замин собит кард, ки мавҷудоти зинда метавонад дар шароити бевазнӣ зинда монад ва ба кайҳон парвоз кунад.

Ин озмоиш ба олимон имкон дод, ки бунёди киштии каҳониро бо эҳтимоли парвози инсон ба кайҳон оғоз кунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply