Хиёбони Тӯҳфа Фозилова дар Душанбе

ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Яке аз хиёбонҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба номи устоди санъати театри мусиқӣ ва драмавӣ, Артисткаи халқии СССР  Туҳфа Фозилова гузошта мешавад.

Ин нуктаро имрӯз Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиши байналмилалии илмие, ки имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 100-солагии устоди санъати театрӣ ва мусиқӣ Туҳфа Фозилова баргузор гардид, баён дошт.

Намояндагони ҳамоиши байналмилалии илмии «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баъд аз нисфирӯзии имрӯз дар маросими бардоштани лавҳаи ёдгорӣ аз хиёбоне, ки  ба номи Тӯҳфа Фозилова гузошта шуд, ширкат карданд.

Ҳамчунин фестивали умумиҷумҳуривии «Парасту 2017» имсол ба муносибати 100 солагии Артисткаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова баргузор мегардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply