Донишҷӯён вазифадор шудаанд, ки ба театр раванд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Қисми асосии бинандагони театрҳои шаҳри Ишқобод — пойтахти Туркманистонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи донишҷӯён, ҳар хонанда ба ҳисоби миёна дар моҳ як ё ду маротиба бояд ба театр равад. Як донишҷӯ бо номи Ботур гуфтааст, одатан намоишномаҳои шомгоҳиро донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва намоишҳои рӯзонаро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна тамошо мекунанд.

«Қариб ҳамаи донишҷӯён, хонандагони литсейҳо ва мактабҳоро шомили рӯйхат мекунанд ва дастур медиҳанд, ки ба театр раванд. Баъзан сарбозонро ҳам дар рӯйхат шомил мекунанд. Аммо бинандаи оддӣ дар театр хеле кам ба назар мерасад», — гуфт Ботур.

«Мо бо хушнудӣ ба театр мерафтем, агар ҳадди ақал иҷозат медоданд, то худамон намоишномаро интихоб кунем. Эълон мекунанд, ки кадом гуруҳ бояд кадом рӯз ба тетар равад ва аз қабл пули билетро мечинанд. Мо ҳатто намедонем, ки ба кадом намоишнома меравем. Барои мисол, намоишномаи «Герогл» 3 манат арзиш дорад, вале ман онро аллакай бори 6-ум аст, ки мебинам», — меафзояд Ботур.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply