Биҳоҷал Раҳимова: Восток дело тонкое…

Слайдер, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Суҳбати ошкоро бо собиқ ҷонишини сарвазири СССР

Биҳоҷал Раҳимова… Ин ном дар замони Шӯравӣ ба хурду бузург ва элитаи сиёсии вақт ошно буд. Ӯ якумин ва ягона тоҷикест, ки дар вазифаи ҷонишини сарвазирии ИҶШС адои вазифа кардааст. Дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ яке аз чеҳраҳои мавриди назар буд, аммо ба мансабҳои баланд нарасид ва аз сиёсати бузург то андозае канор рафт…

Пеш аз он ки ба хонаи ӯ, барои суҳбат равам китоби энсиклопедии «Бонувон дар сиёсат» (зери назари ҷонишини ҲХДТ, профессор Р. Бобоҷониён) –ро варақ задам, аммо зиндагиномаи Биҳоҷал Раҳимоваро  он ҷо пайдо накардам. Муаллифон сиёсатмадори машҳури асри гузаштаи моро фаромӯш кардаанд…

Зани резапайкару чаққон, бо либосҳои тоҷикӣ, рӯймол ба сар,  маро пешвоз гирифт. Хона одӣ, гилемҳои обшуста,  ҷевонҳои куҳнаи озода, сувенирҳои гуногуну китоб ва мизу курсӣ ҷиҳози хонаи собиқ ҷонишини  Сарвазири СССР  буд, ки маро дар ҳайрат гузошт. Тариқи телевизион оркестре   «Фаслҳои сол»-и Чайковскийро  мохирона иҷро мекард

-Шумо дар охирин лаҳзаҳои ҳастии ИҶШС ҷонишини сарвазир будед ва ягона тоҷике ҳастед, ки дар ин вазифаи баланд расидед. Чӣ буд, ки маҳз шуморо лоиқи ин вазифа донистанд?

-Маро дар Маскав мешинохтанд. Дар интихоботи аввалини депутатҳо тариқи ҷамъиятҳо мо 6 нафар занон номзадии худро гузоштем. Ман Адолат Қосимова, Мавҷуда Ҳакимова, Зебунисо Рустамова, Қаландарова. Баъд аз баромадҳо маро депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб карданд. Дар съезди аввалин маро ба комитети занҳо қабул карданд. Дар вақти депутатиам маро ба Душанбе даъват карда, котиби КМ таъин карданд. Ҳамон сол яксолагии баргузории ҳаводиси хунини февралӣ буд. Бинобар ин, мо хона ба хона мегаштем ва ба зарардидагон кумак менамудем. Ҳамон рӯз маро ба Маскав ҷеғ заданд. Вақте рафтам, Горбачёв маро даъват кард ва пешниҳод намуд, ки ҷонишини сарвазир шавам.  Ман розӣ нашудам. Аммо ӯ исрор карда, гуфт: «Биҳоҷал, ИҶШС танҳои хонаи ман нест!» Ман ба Горбачёв ваъда кардам, ки пас аз машварат бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шавҳарам посухамро мегӯям. Вақте Душанбе омадам, ҳама далолат мекарданд, ки қабул кунам.  Оқил Оқилович мегуфтанд, ки Биҳоҷал як рӯз ҳам бошад равед, аз тоҷикон касе дар ин вазифаи баланд кор накардааст. Ва ман ҳам рафтам ва маро ҷонишини сарвазир таъин карданд. Дар Шӯрои Олии ИҶШС зиёда аз 400 депутат буд ва танҳо 44 нафар бар зидди ман овоз доданду боқӣ ҳама тарафдор.  Баъди ба кор шурӯъ карданам, як нафар аз кормандони Шӯрои Олӣ гуфт, ки аз 44  нафар зидбудагон 16 нафарашон намояндагони Тоҷикистон буданд. Дилам таҳ зад. «Восток дело тонкое» — асрори ин мақолро ҳамон замон дарк кардам. Мо  принсип надорем, ҳамеша метавонем тағйир ёбем, фирефта шавем.

-Аммо чаро ҳамагӣ як сол кор кардеду халос?

-Гӯё кор кардам. Ҳамон сол вақте ман ҳамчун ҷонишини вазири саноат ба Заводи алюминий рафтам, газетаи «Растохез» дар бораи ман мақолаи калон навишт, ки Биҳоҷал Раҳимова дар завод маҷлиси партиявӣ мегузаронад. Он солҳо якбора назари мардум нисбати коммунистон бад шуд. Кор кардани ман ниҳоят душвор буд. Ҳар рӯз КГБ занг мезад, ки муаллима имрӯз шумо берун набароед, кор наравед. Аз майдони «Шаҳидон» убур мекардам, ҳама ҷониби ман бо нафрат менигаристанд, яке мегуфт «коммунист омад», дигараш «ленинободӣ».  Ҳатто мегуфтанд, «коммунистҳо ин қадар сол моро ҷӯшида хӯрданд».  Баъзе вақт ҷамъ шуда меомаданду роҳамро бурида мегуфтанд: «Ҳа, апа, ҷӯшида хӯрдед ин қадар сол?». «Бобои ман дар ҷанг ҷон дод, шумо ленинободиҳо кайф карда гаштед».  Шумо аҳволи ман, нафареро, ки дар ин қадар вазифаҳо ҳалол кор карда омадам, шахсе ки дар ҷанг ҳам бародарам ва ҳам падарамро аз даст додам, тасаввур кунед. Ман барои ин Ватан Маскавро, шароитҳои хубро партофта омадам, аммо ба чунин рӯз гирифтор шудам. Дар чунин шароит кор кардан барои ман имкон набуд.

Муфассал дар шумораи навбатии «Точикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply