Аскар Ҳаким: Инсон бояд озод бошад…

Слайдер, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Суҳбати ошкоро бо Шоири халқии Тоҷикистон 

Мунтахаби осори Шоири халқии Тоҷикистон ва мунаққиди шинохта Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд аз чоп баромад. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо устод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем… 

Вазифаи адабиёт ва даромади китоб

 -Аскар Олимович, мо оҳиста-оҳиста ҷониби капитализм гом мезанем. Ба ҷамъияте, ки ба моддиёту молиёт бештар бартарӣ дода мешавад. Дар ин ҷомеа вазифаи адабиёт аз чӣ иборат аст?

-Адабиёт аз навъе ҳунарҳое аст, ки рисолаташ ҷовидона аст. Яъне, вазифаи адабиёт ҳазор сол пеш чӣ гунае буд, баъди ҳазор сол ҳам ҳамон хоҳад монд. Ибни Сино ба ин маънӣ мегӯяд, ки шеъри порсӣ  бисёр рангин аст ва барои ба ҳаракат овардани тахайюлоти инсон навишта мешавад. Аммо ғарбиён,- қазоват мекунад, ӯ — барои он шеър менавистанд, ки мардумро барои кардани коре таҳрик диҳанд. Ин қиёси Сино, ки дар ҳама маврид бисёр қотеъона ҳарф мезанад, хеле ҷолиб аст. Аммо бо гузашти замон, мебинем, ки ба замми он чизе, ки Сино дар мавриди адабиёти мо гуфтааст, адабиёт вазифаи дигар ҳам доштааст. Мулоҳиза кунед, ки «Шоҳнома» чист? «Шоҳнома» таърихи Ватани мо, расму оини мо, забону адаби мо ва тарзи зиндагии мост. Илова бар ин, дарси ватандориву мардонагист. Ё «Гулистон» ва «Бӯстон», ки барои тарбияи маънавии инсони комил дар дунё назир надорад. Яъне, адабиёт барои инсонтар кардани инсон, зеботар кардани ҷаҳони ботинии вай, барои шинохти зебоӣ, барои ба ҷомеа рӯнамо кардани муҳимтарин масъалаҳо хизмат мекунад. Ана ҳамин вазифаи охирин дар асрҳои ХХ ва ХХ1 муҳимтарин  ба ҳисоб меравад.  Бинобар ин, аз назари ман муҳтавову мундариҷаи адабиёт бисёр муҳим аст, ки мардумро ба куҷо ҳаракат медиҳад? Оё адабиёт метавонад инсонҳоро ба зиндагии шарофатмандона, озодона ва одилона ҳаракат диҳад?

-Оё муҳтавои адабиёти мо инсонҳоро барои инсон будан таҳрик медиҳад?

-Бале. Аммо кадом масъаларо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани адабиёт ба замон вобаста аст. Як муқоисаи сатҳии адабиёти имрӯзу шӯравиро бикунед, хулосаи дақиқ мебароред. Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар бораи нуқсҳои иҷтимоӣ ё камбудии зиндагии мардум суҳбат карда бошад. Магар зиндагии мо дар он замон камбудӣ надошт? Агар надошт, пойдор мемонд. Аммо бубинед, баъди 70 сол завол ёфт. Яъне, нуқсҳое доштааст, ки бояд дар он замон ошкору бартараф мешуд. Аммо дар он замон ҳеҷ асаре бе имзои сонсур чоп намешуд.

-Аммо он адабиёт, ки имрӯзҳо бештар мавриди интиқод қарор мегирад, халқӣ буд, ба мардум мерасид, нуфузу таъсиру эътибор дошт…

-Ман ба ҳеҷ ваҷҳ бо гуфтани суханҳои боло дастовардҳои шӯравиро интиқод намекунам, зеро худам парвардаи он замон ҳастам. Дар мавриди ба гуфти шумо халқӣ, яъне таваҷҷуҳи мардум ба адабиёт бошад, ман ҳам фикр мекунам. Нуфузи адабиёт вобаста ба авзои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа аст. Ҷомеаи мо чӣ гуна ҷомеа аст? Ҷомеаи ҷангзада, дар натиҷаи ҷанг харобшуда ва чандин сол аз тараққиёти пештарааш ақибуфтода. Яъне, бетаваҷҷуҳӣ ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Бо вуҷуди ин ман ба ояндаи адабиёт бадбин нестам. Бубинед, давлати шӯравӣ давлати ғоявӣ буд. Адабиёт, ки як қисми пуртаъсири фаъолияти идеологӣ ҳисоб мешавад, аз ҷониби давлат маблағгузорӣ ва назорат мешуд. Давлат ҳам аз ҳисоби адабиёт маблағ кор мекард. Ҳатто ҳисоботе буд, ки  Иттиҳоди Шӯравӣ даромади аз ҳама зиёдро аввал аз фурӯши яроқ, дувум машрубот ва сеюм аз фурӯши китоб мегирифт. Баъдан, набояд фаромӯш кард, ки он солҳо воситаҳои дигари алоқа мавҷуд набуд, яъне адабиёт рақиб надошт. Имрӯз бошад,   интернет мавқеи адабиётро танг кардааст. Адабиёт бояд аз рақибони худ истифода кунад, вагарна мавқеашро аз даст медиҳад. Аммо  дар назди хонандаи боҳуш ҳеҷ яке аз он чизҳо ҷойи адабиётро гирифта наметавонад. Ҳатто кино ва театр, зеро адабиёт дар танҳоӣ офарида мешавад ва барои дарку фаҳмиши умқи он хонанда бо китоб бояд танҳо бошад.

Нахонда мегӯянд, адабиёт нест

-Дар бораи сонсур ишора кардед, мо ба озодӣ расидем. Ба андешаи шумо, адабиёти мо аз озодӣ истифода карда тавонист? Камбудиҳоро гуфт?

-Ба назарам, ҳа! Албатта, барои муқоиса ва хулоса ҳанӯз барвақт аст. Зеро вақте адабиёти шӯравӣ мегӯем, 70 солро фаро мегирем, аммо вақте адабиёти истиқлол мегӯем, 25 сол. Қариб 10 соли аввали он ҳам ҷангу нооромӣ…

-Аммо таҷриба нишон додааст, ки адабиёти ҷаҳонӣ дар заминаи вазъи нохуби иҷтимоӣ, ҷангу ҷидолу дарду ғам ба вуҷуд меояд.

-Бале, аммо  баъд аз гузашти замон таҳқиқ карда мешавад. Беҳтарин дастовардҳои адабиёт ҳам чунин аст. «Ҷанг ва сулҳ»-и Толстой баъди чанд соли ҷанг ба вуҷуд омад? Албатта, дар мавриди шеър, махсусан шеъри ғиноӣ ва кӯтоҳ ин тавр нест. Аммо достонҳои хамосӣ ҳам вақт талаб мекунад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ кай буду «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат кай иншо шуд? Албатта, имрӯз дар матбуот ва байни одамон ҳарфе пайдо шудааст, ки адабиёти мо чизе надорад. Ин даъворо онҳое мекунанд, ки китоб намехонанд. Дар як озмуни телевизионӣ, ки «Килки сабз» ном дошт ману Ато Мирхоҷа аъзои ҳакамон будем. Зимни суҳбат Ато ҳар суоле, ки аз эҷодиёти адибон медод, шоиршавандагони ҷавон нахонда буданд, аммо даъво мекарданд, ки  шеъри мо шеър нест.  Бубинед, вақте онҳое, ки эҷодкор шудан мехоҳанд, нахонда, ҳукм мекунанд, аз мардуми одӣ чӣ гила?

-Шумо мушоҳида кардаед, ки аксари нависандаву шоирони калонсоламон низ китоб намехонанд?

-Шояд. Аммо бо Евтушенко мувофиқам, ки мегӯяд: «Большой писатель это большой читатель». Касе мутолиа надорад, асари шоиста намеофарад. Устод Лоиқ аз ҳама бештар мехонд ва аз ҳама беҳтар менавишт.

-Аз асри ХХ то имрӯз 5 шоири беҳтаринамонро номбар карда метавонед?

— Якум — Лоҳутӣ, дувум — Турсунзода, сеюм — Қаноат, чорум – Лоиқ, панҷум – Фарзона.

— 5 нависандаи бузургамонро чӣ?

— Якум — устод Айнӣ, дуюм -Улуғзода, сеюм — Икромӣ, чаҳорум — Муҳаммадиев ва панҷум… ӯро ҷустуҷӯ дорам.

-Адабиёти муосири Амрикои Лотиниро бо номи Маркес, адабиёти ҳозираи афғонҳоро бо номи Холид Ҳусейнӣ мешиносанд. Чеҳраи адабиёти муосири мо кист?

— Айнӣ ва Улуғзода. Ҳар ду нависандаи ҷаҳонианд.

-Чаро фақат аз дур мисол меоред?

-Чаро шумо талаб мекунед, ки ман аз 20 – 30 соли охир мисол орам? Айниву Улуғзода он қадар дур нестанд. Дигар он, ки адабиёти Амрикои Лотинӣ ва Аврупо дар заминаи таҷрибаи насри чандинасра ба вуҷуд омадааст. Аммо насри реалистии мо аз устод Айнӣ оғоз мешавад ва ҳоло ҷавон аст.

Шеър чӣ гуна меояд?

-Шумо ҳам шоир ва ҳам олиму мунаққид ҳастед ва асарҳои шоиста ҳам офаридаед. Паёми шумо ба ҷомеа чист? Аскар Ҳаким чӣ гуфтан мехоҳад?

-Банда, намедонам хушбахтона ё бадбахтона, сириштаи иҷтимоӣ ҳастам. Бинобар ин, аксари навиштаҳои ман ба зиндагии иҷтимоии мардум дахл мекунад. Паёми ман ин аст, ки инсон бояд дар ҷомеае зиндагӣ кунад, ки озод бошад, ҳарфашро гуфта тавонад, барои ҳарфаш касе ӯро таҳдид накунад. Зиндагии шарофатмандона ва сазовори инсонӣ дошта бошад. Дар ин ҳолат ӯ рисолати инсониашро ба ҷо оварда метавонад. Яъне, инсонтар кардани инсонҳо. Озодиро барои чӣ мехоҳем? Адолатро барои чӣ талаб мекунем? Барои ҳамин.

-Шумо солҳои ҷавониатон ҳамчун мунаққиди навназар шинохта шудед, аммо пасон шеърҳоятон ҳам нашр шуд ва сазовори мукофотҳо ҳам гардид. Ин дусамтагӣ дар кори эҷодӣ аз куҷост?

-Ин аз воқеияти зиндагии ман бармеояд. Ман аз бачагиам шеър мегуфтам, замони донишҷӯӣ ҳам. Пас аз хатми донишгоҳ як муддат кори журналистӣ кардам, аммо зуд ба дилам зад ва ба аспирантура ҳуҷҷат супоридам, то роҳат шеър нависам. Аммо вақте ба Маскав рафтам, аспирантҳоро ҳар ҳафта ҷамъ оварда, ҳисобот талаб мекарданд ва кори илмӣ мепурсиданд. Бинобар ин, ҷиддӣ ба омӯзиши адабиёт, ҳунар, фалсафа ва сиёсат машғул шудам. Ҳамин тавр, илм маро чунон ҷазб кард, ки 15 -16 сол аз он уқёнус баромада натавонистам. Вақти дар аспирантура хонданам, як мақолаам дар «Садои Шарқ» чоп шуд ва муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ман мактуб навишта, маро ба кор даъват карданд. Аммо пас аз бозгашт бо даъвати устод Турсунзода ба «Садои Шарқ» ба кор омадам. Муҳити маҷаллаи адабӣ ва Иттифоқи нависандагон аз нав ҳисси шоирии маро бедор кард ва сайқал дод. Дар ин давра ман шеърҳои зиёде тарҷума кардам. Дӯстонам талқин мекарданд, ки шеър нависам. Ҳатто Бозор Собир мегуфт, ки ҳамин нақд – кори дилгиркунандаро чӣ кор мекунӣ? Шеър навишта метавонӣ, шеър навис!

-Магар шеър навишта тавонистан аст ё ягон эҳсоси дигар?

-Ҳар ду, баъзеҳо мегӯянд, ки шеър меояду менависем. Ин сафсата аст. Шеър ба ҳамон одаме меояд, ки шабу рӯз дар бораи шеър фикр мекунад ва кор мекунад. Ҳарфи Горкийи бузургро мехоҳам мисол оварам, ки мегӯяд: «Асари бадеӣ маҳсули як фоиз илҳом ва наваду нӯҳ фоиз заҳмат аст.

-Куллиёти 7 — ҷилдаи шуморо, ки ҳар як ҷилд 400-500 сафҳа аст, менигараму ба ҳайрат меоям. Шумо ин ҳама сол дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардед, аммо чӣ гуна вақту ҳавсала пайдо карда, ин ҳама асар навиштед?

— Ман аз 28 — солагиам ба роҳбарӣ омадам. Муовини сардабир, котиби Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррир, баъдан раиси Иттифоқи нависандагону муовини аввали Раиси Маҷлиси Олӣ ва ғайра. Аммо ин вазифаҳо ба фаъолияти ман таъсири мусбат расонид. Диду нигоҳ ва андешаи маро дигар ва таҷрибаи маро афзуд.  Аммо ман дар кадом вазифае, ки будам, ҳар рӯз кори эҷодӣ мекардам. Ҳамеша аз соати 6 сари миз менишастам. Тартиби зиндагии ман чунин аст, ки ҳеҷ гоҳ аз кори эҷодӣ канор наҷустаам.

 Сонсур: ба Эрон манфиат, ба мо зарар

-Адабиёти моро бе муқоиса ба адабиёти Эрону Афғонистон таҳлил кардан мунсифона нест. Аз ин зовия агар назар андозем, адабиёти тоҷик дар кадом поя қарор дорад?

-Ин масъала баҳсбарангез аст. Рушду нумӯи адабиёт ба вазъи иҷтимоии ҳар кишвар вобаста аст. Муқоиса кунед, ки Эрон чӣ қадар аҳолӣ дорад, Тоҷикистон чӣ қадар? Муҳит ва замони зиндагии мо ҳам муқоисанашаванда аст. Пас адабиёт низ набояд муқоиса шавад. Ба ғайр аз ин онҳо аз муҳити фарҳангиашон канда нашуданд. Адабиёти 1000 — солаи мо барои аз 6 — сола то 100 — солаи он кишварҳо дастрас буд. Дар Тоҷикистон чӣ мехонданд? Китобҳоро сӯзониданд, девонҳо нест шуданд, аз хат маҳрум шудем… Ба шоирони асри ХХ-и мо офарин бояд гуфт, ки дар ҳамин муҳит ба ин дараҷаҳо расиданд. Ба замми ин сонсур, решаи адабиёти моро ба қавле теша мезад.

-Аммо дар Эрони шоҳӣ ҳам сонсур ба ҳар навъ вуҷуд дошт ва имрӯз низ вуҷуд дорад. Яъне ин, наметавонад далели қафомондагии адабиёт бошад.

-Дуруст, аммо вақте сонсур ба онҳо иҷоза намедод, онҳо ақоиди худро ба ҳар роҳу васила бо рамзу киноя ва маҷозу истиора  мегуфтанд. Яъне, сонсур ба онҳо фоида овард, зеро санъатҳои бадеӣ афзуд. Аммо дар мо аз ин ҳам истифода намешуд, зеро мӯшикофона мекофтанд ва якдигарро ҳам мефурӯхтанд. Як мисол меорам. Устод Айнӣ бо устод Лоҳутӣ ҳамеша дар мукотибот буданд. Дар як мактуб Лоҳутӣ як ғазалашонро ба Айнӣ мефиристанд. Айнӣ ҳам эродҳои худро менависанд. Дар он ғазал чунин байт ҳаст:

Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест,

Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин.

Устод Айнӣ, бо вуҷуди бузург буданашон, пояи миллат буданашон то ба ҳадде аз сонсур ҳарос доштанд, ки ба Лоҳутӣ навиштаанд, ки устод Лоҳутӣ, марксизм мегӯяд, ки пайдо шудани ҳаёт аз табиат аст. Аммо шумо, ин ҷо ишқ мегӯед. Инро фикр кунед, ки зидди марксизм нашавад ва ба сӯфигарӣ шуморо муттаҳам накунанд. Акнун худатон қазоват кунед.

 Рисолаи  докторӣ ва маҳфили «Ҳофизхонӣ»

-Шумо 70 — сола шудед. Бештар дар бораи чӣ меандешед?

-Бештар аз ҳама дар бораи нақшаҳое, ки дорам. Намегӯям эҷод кардан, мегӯям навиштан. Махсусан, мехоҳам ба коре, ки муаллим Шакурӣ талқин мекарданд — ба нақд бештар машғул шавам, зеро имрӯз теъдоди мунаққидони асил хеле кам аст ва агар бо ангуштонам шуморам ҳам, зиёдӣ мекунад.

-Устод, шумо солҳо пеш рисолаи номзадӣ ҳимоя карда будед, аммо дифои рисолаи докториатон ба таъхир афтод. Баҳром Сирус, вақте рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад аз 80 гузашта будааст… Чаро шумо барои доктори илм шудан талош накардед?

-Ин аз он сабаб аст, ки ман масруф будам ва онро муҳим намедонистам. Аммо вақте ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор омадам, зарурати бозгашт ба ин мавзӯъ ба вуҷуд омад. Солҳои охир як таълифот навиштам, бо номи «Вижагиҳои анвоъи шеъри ғиноии тоҷикӣ. Дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми асри ХХ». Ин рисола, ки аз 530 саҳифа иборат аст, дар ҷилди 3-юми ин мунтахаб ворид шудааст ва ташаккули шеъри ғиноии тоҷикро дар мисоли ашъори дурахшонтарин симоҳои адабиётамон дар бар мегирад.  Илова бар ин барои ҳимояи рисолаи докторӣ бояд 15 мақола дар маҷаллаҳои КОА –эътирофкарда чоп кард. Ман то имрӯз 16 мақола чоп кардам. Яъне, ҷиҳати эҷодӣ ба охир расид. Баъди ба анҷом расонидани корҳои техникӣ ва расмиёт ин кор ба охир мерасад.  Пас аз ҳимоя мехоҳам  дар ягон факултаи суханшиносӣ дарс бидиҳам, зеро мехоҳам, ки ҷавонон шеърро шинохта тавонанд.

-Чанд сол пеш дар Китобхонаи миллӣ як маҳфили зебое доштед, бо номи «Ҳофизхонӣ». Чаро фаъолияти он қатъ шуд?

-Ман онро қатъ накардам. Маҳфили «Ҳофизхонӣ» бо ташвиқи Носирҷон Салимӣ таъсис шуда буд ва хеле овозадор ҳам шуд. Баъди рафтани Салимӣ ба ин маҳфил таваҷҷуҳ нашуд ва ман ҳам, ки одати талош кардан надорам, талош накардам ва ин маҳфил қатъ шуд. Аммо тамошобинон ва онҳое, ки аз маҳфил огоҳанд, ҳамеша аз ман талаб мекунанд, ки онро идома бидиҳам. Ба наздикӣ, пас аз таъини раиси нав, кормандони китобхона ба ман муроҷиат карданд ва эҳтимол пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ он маҳфилро аз нав роҳандозӣ кунем.

-Ташаккур барои суҳбати ҷолиб. Худо кунад, ки дар Соли нав дар маҳфили «Ҳофизхонӣ»-и доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким ширкат кунем.

 Мусоҳиб

Одили Нозир

 «Маҷмӯаи осор»-и Аскар Ҳаким

 «Маҷмӯаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, мунаққид ва адабиётшинос Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд аз чоп баромад.

Китоби мазкур бо кумаки раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ нашр шудааст.

Ҷилдҳои якум ва дуюми ин маҷмӯа фарогири мунтахаби шеъру достон ва манзумаҳои муааллиф аст. Ҷилдҳои сеюм ва чорум бошад таҳқиқот ва мақолоти илмии Аскар Ҳакимро дар бар мегирад, ки барои адабиётшиносон бисёр муфид аст. Дар ҷилди панҷуми мунтахаб мақола, портрет ва мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудааст. Дар ин ҷилд хонанда метавонад, бо рӯзгору осор ва мавқеи адибон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат Лоиқ Шералӣ ва ғайра ошно шавад.  Тарҷумаи «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, шеърҳои Лермонтов, Расул Ғамзатов ва дигар осори назмиву насрии адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами Аскар Ҳаким тааллуқ доранд, дар ҷилди шашуми мунтахаб гирдоварӣ шудааст. Ҷилди ҳафтуми китоб «Гуфтор дар бораи худ» ном хотироти муаллиф ва силсилаи мақолаҳои муҳаққиқонро доир ба рӯзгор ва осори Аскар Ҳаким фаро мегирад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply