Толеъномаи 29 июл 2017

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Дар байни ҳамкорон ҳақ будани худро собит карданатон лозим меояд. Аксарият бо ақидаи шумо розиянд, вале баъзе ҳамкорон ба баҳсу мунозира роҳ медиҳанд. Баъди нисфирӯзӣ руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ азобатон медиҳад. Саломатиятон нохуб гашта, табобат тӯл мекашад. Хобҳоятон амалӣ мегарданд.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи душвор аст, фиребу нофаҳмиҳои зиёд хотиратонро мушавваш мегардонад. Хароҷоти ногаҳонӣ ба вазъи молиявиатон таъсири худро мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат аз макру ҳилла ва таваккал худдорӣ намоед. Муноқишаву нофаҳмиҳо нақшаҳоятонро тағйир медиҳанд. Эҳтимол каме табъатон хира гашта, фишори руҳӣ азиятатон медиҳад.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҳар нафаре, ки дар роҳатон пайдо шавад, мавриди танқид қарор медиҳед. Мутаассифона, чунин худсарӣ бар зарари худатон анҷом меёбад. Барои он ки гапи зиёдатӣ нагӯед, даҳонатонро аз гуфтори беҳуда нигоҳ доред. Барои нафароне, ки нияти оиладоршавӣ доранд, рӯзи бобарор аст.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз фаъолнокии зиёд худдорӣ намоед, вагарна на танҳо саломатиятон нохуб, балки нақшаҳоятон барбод мераванд. Муносибатро бо дӯстони дерина қавитар гардонида, аз шиносшавӣ бо нафаре худдорӣ намоед. Даромади калони молиявиро интизор нашавед.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Бо вуҷуди душвор будан ҳамеша ба пеш ҳаракат кунед. Чунин шароити меҳнатро худатон ташкил карда бошед, тоқат кунед. Дар робита бо одамон ба ғуруру такаббур роҳ надиҳед. Фаромӯш насозед,  нафаре ки имрӯз ба шумо халал мерасонад, фардо ба шумо дасти кӯмак дароз мекунад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Хуб мебуд, ки сунбулаҳои оиладор вақту диққати худро ба хонаводаи худ равона созанд. Ҳар қадаре пул зиёд сарф кунед, ҳамон андоза пул ба даст меоред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулӣ имкон дорад. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатӣ, хуруҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи беташвиш аст. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хуб ҷараён гирифта, чизе хотиратонро мушавваш намегардонад. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, барои ба роҳи ғалат қадам нагузоштан ақли солимро пеша намоед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳои муҷарраде, ки оила бунёд кардан мехоҳанд, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Бо вуҷуди ягон камбудӣ надоштани номзадатон ҳушёриро пеша намоед. Дар ин рӯз ба доми фиребгару қаллобон афтиданатон эҳтимол дорад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз диққати худро ба корҳои ақлонӣ равона созед. Он на танҳо боиси пешравиятон дар касбу кор мегардад, балки маблағи хуб ба даст меорад. Қавси муҷаррад бояд бештар ба ақли солим такя намояд, эҳтимол дӯстдоштаи шумо нафари манфиатхоҳ бошад. Дар саломатиятон мушкилие дида намешавад.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад. инчунин бемориҳои музмин хуруҷ намуда, хусусан нафарони калонсол каме нотоб мегарданд. Мушкилоти ҳаёти шахсиятон ба амалҳои қатъӣ водор месозанд. Ба муноқиша роҳ надиҳед, вагарна он ба фоидаи шумо анҷом намеёбад.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои далвҳои эҷодкор рӯзи мусоид аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, ба хубӣ аз уҳдааш мебароед. Ҳангоми муносибат бо наздикон ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна байнатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале фориғболӣ накунед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед. Дар робита бо атрофиён боэҳтиром бошед. Давраи нобарориҳо ба охир мерасад. Агар ба ҳаёти худ тағйирот дароварданӣ бошед, ин рӯз барои амалӣ сохтанашон мусоидат мекунад. Ҳутҳои муҷаррад муҳаббати умрашонро пайдо мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply