Толеъномаи 08 январ 2018

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи хуб аст, хусусан барои табобат ва беҳ сохтани вазъи саломатӣ. Агар тарзи табобати пешгирифтаатон самарае набахшад, усули дигари табобатро пайгирӣ намоед. Чанд мушкили рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира кардани пулро ёд гиред ва сарфи беҳуда накунед. нафаре изҳори муҳаббат мекунад.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Бо мошини шахсии худ ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем, рух додани вазъиятҳои садамавӣ ва ба қонунвайронкунӣ роҳ додану ҷарима супоридан имкон дорад. Дарди дилро танҳо дар ҳузури шахсе кунед, ки ба шумо сидқан боварӣ дорад. Пулҳои худро дар ҷои хуб нигоҳ доред, эҳтимоли гумм кардани маблағ вуҷуд дорад. Нафароне, ки дар ин рӯз зодрӯз доранд, аз дӯстдоштаи худ хабари хуш мешунаванд.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз барои харидкунӣ ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, ҳатто агар вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам. Дар бобби саломатӣ парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои шӯр, равғанин ва серғизо худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро бо ӯ қатъ намоед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Агар нияти ба мағоза рафтанро дошта бошед, хариди калон мекунеду кисаатон холӣ мемонад. Умуман дар ин рӯз маблағи зиёд сарф мекунед, хатари аз даст додани пул зиёд аст. Аз пайи ба даст овардани пул давиданро низ тавсия намедиҳем. Беҳтараш бо ибодат машғул шавед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон беасар намемонад. Дӯстдоштаатон дар фикри шод сохтани шумо аст.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Пешниҳодҳои дар ин рӯз пайдошуда ба вазъи молиявиатон таъсири зиёд мерасонанд. Рӯзи бобарор аст. Ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Атрофиён аз шумо на маблағ, балки дастгирии маънавиро интизоранд. Нисфирӯзӣ кунҷи танҳоӣ ҷустану қаҳр карданатон хуб нест. Руҳафтодагӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Чеҳраатонро кушода гиред, мурғи бахтатон наздик аст.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин, хусусан иллати пешобдон ва гурдаҳо эҳтимол дорад. Атрофиён дамдузду бадқаҳр мешаванд. Дар хонаву ҷойи кор нисбати шумо талабот сахт мегардад. Таъмири хона ва ба ҷойи нав кӯч бастан, фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Меҳру муҳаббат нисбати шахси бароятон азиз дар ин рӯзҳо бештар мегардад.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар дар ин рӯз худро аз ҳамкорон як сару гардан боло гиред, муносибатҳоятонро вайрон мекунед.  Мақоми пештараатонро аз даст додан нахоҳед, ман-манӣ накунед. Имрӯз ба нафаре ниёз доред, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ намояд. Саломатӣ ва табъи хуш аз ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Агар қалбатон ғамгин бошад, ҳатто аз дидори дӯстдоштаатон шод намегардед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Беҳтараш хариди калон накунед, вагарна рӯзи дигар аз чизҳои харидаатон пушаймон мешавед. Дар робита бо атрофиён гузашт карданро омӯзед. Вақти бештари худро дар ҳавои кушод гузаронед. Барои он ки ба зудӣ шамол кашида табатон баланд нашавад, саломатиро мустаҳкам созед.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ додану ба касе чизеро исбот кардан намехоҳед. Ҳатто баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш рӯзро барои худ ва наздиконатон ё шахсе, ки дӯсташ медоред, бахшед. Оғози кори наву ғайриодӣ бар зарар асту боиси аз даст додани маблағ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ва ҳангоми бо нафаре  шинос шудан ба садои қалби худ гӯш диҳед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рӯзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед. Барои бо варзиш машғул шудан рӯзи номусоид аст, саломатиятонро эҳтиёт кунед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз зери таъсири нафаре мемонед, ки сабабгори ба фиребу найранг печиданатон мегардад. Фаромӯш насозед, ки камтарин ғалат дар масъалаи молиявӣ боиси муфлис гаштанатон мегардад. Барои аз бемориҳои музмин раҳоӣ ёфтан, либосро мувофиқи вазъи ҳаво ба бар намоед, на бо хоҳиши худ.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Шумо зиндагии худро бе орзуву омолҳои ошиқона тасаввур намекунед, вале имрӯз бояд ҳақиқатбин бошед. Шиносоии нав ва ишқбозиро дар маконе, ки кор мекунед, тавсия намедиҳем. Аз баҳри хафагиву гуноҳони баъзеҳо гузашт намоед, кинаро аз дил дур карда худро сабук ҳис мекунед. Хеши дуратон ба меҳмонӣ омада туҳфаи пурқимат меорад. Пулдориятонро дар назди дигарон нишон надиҳед. Барои солимии бадан бештар дар ҳавои тоза пиёда гаштанро тавсия медиҳем.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply