Толеъномаи 07 декабр 2017

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар ҳама кор хурдагирӣ мекунед. Норавшанӣ дар кору гуфтор боиси асабхаробии шумо гашта, барои рафъи вазъият кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Ин амалатон шуморо аз фиреб хӯрдану ба ғалат роҳ додан эмин  медорад. Мутаассифона ҳақҷӯии шумо ба атрофиён намефорад ва муноқишаҳои хурд сар мезананд.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи бобарорест барои мардоне, ки бо тиҷорат машғуланд. Нақшаву ниятҳои деринатон амалӣ мегарданд ё хабари ногаҳонӣ мешунавед. Пешниҳоди ҷолибе, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, ба вазъи молиявии шумо таъсири мусбӣ мерасонад. Дар ин рӯз бо таъмир машғул нашавед ва сари чанбари мошин нишастанро низ тавсия намедиҳем.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки бо эҷод машғуланд. Эҳтимоли даромади пулӣ, амалӣ шудани орзуи дерина ва хабари хуш шуниданатон зиёд аст. Бонувон ҳангоми суҳбат бо шахси барояшон наздик бояд аз мавзӯҳои нешдор худдорӣ намоянд, вагарна байнатон дилсиёҳӣ рух медиҳад.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Нафароне, ки тиҷорати шахсии худро оғоз кардан мехоҳанд, метавонанд аз ҳамин рӯз фаъолияти худро оғоз намоянд. Аз имкониятҳои хуби пулкоркунӣ нағзакак истифода баред. Ҳангоми сари қароре омадан ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Агар бомулоҳиза ва эҳтиёткорона амал намоед, тамоми мушкилатон рафъ мегардад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Аввали рӯз хабари нохуше мешунавед, ки бо фиреб хӯрдан ё ноуҳдабароии ҳамкоронатон вобастагӣ дорад. Шиносоии нав дар зиндагиятон нақши муҳим мебозад. Мушкилиҳои пулӣ барои пайдо намудани кори аҷибу даромаднок водоратон месозанд. Муносибатҳои ошиқонаатонро чизе халалдор намесозад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре, ҳодиса ё мушкилие тағйир медиҳед. Ба камтарин мушкилоти саломатии худ бодиққат бошед. Бештар ба саломатии дил, рагҳои хунгард ва гурдаҳо аҳамият диҳед. Аз хӯроки равғанин, машрубот ва сигор худдорӣ намоед. Бештар афлесун, банан ва хӯрокҳои аз нахӯду лӯбиё ғаниро истеъмол кунед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз эҳтимол нотоб мегардед, бемориҳои музмин хурӯҷ мекунанд, шумо асабониву дағал мегардед. Ба пурхӯрӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед. Агар худро ба даст гирифта натавонед, аз калонсолон маслиҳати оқилона пурсед. Агар имкон дошта бошед, аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нимаи аввали рӯз саломатиятон нохуб гашта, асабатон хароб мегардад. Аз рафтори дурушт худдорӣ намоед. Ба ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, бо ҳазл назар намоед. Пайваста хандидан шарт нест, вале оромиро нигоҳ доред. Дар ҷодаи муҳаббат тағйиротҳое имкон доранд, ки муносибати шуморо ба дӯстдоштаатон комилан тағйир медиҳанд.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Вазъияти номусоид ё ҳилаву найранги бадхоҳон боиси он мегардад, ки тамоми нерӯи худро барои ҳифзи обрӯву нуфуз равона месозед. Ҳалли масъалаҳои пулиро мавқуф гузоред. Барои нафароне, ки бо мақсади харидани туҳфа ба мағозаву бозор рафтанӣ мешаванд, рӯзи мусоид аст.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аз корҳои якрангу муқаррарӣ гурехтанатон лозим аст,  то ки баъдан аз вақти зоеъ рафта пушаймон нашавед. Хастагии ҷисмонӣ ва равонӣ ба вазъи саломатиятон таъсири бад мерасонад. Дар давоми рӯз мушкилиҳои иқтисодии худу наздиконатонро рафъ карданатон лозим меояд. Барои харидани мошину хона рӯзи мусоид аст.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз бисёр чизҳоро аз мадди назар дур месозед, ки бо хоҳиши шахсӣ неву бо сабаби саломатӣ рух медиҳад. Агар шамол кашида бошед, ҳатман ба табиб муроҷиат кунед. То пурра шифо ёфтанатон сафари дарозмуддатро ба таъхир гузоред, вале мушкилиҳои пулӣ шуморо интизор намешаванд.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳутҳое, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, гирифтори ноумедиву андуҳ мегарданд. Аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурдани дӯстдоштаи худро дарк намуда, ангушти надомат мегазед. Масъалаҳои пулиро дар ин рӯз ба фоидаи худ ҳал карда наметавонед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply