Толеъномаи 05 декабр 2017

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Вақти амалҳои фаъолу фаврӣ аст. Бо корҳое, ки диққатнокии зиёд ва вақти бисёрро талаб мекунанд, даст назанед. Фаъолшавии тафаккур ба корҳое, ки ҳалшавии фавриро металабанд,  таъсири мусбӣ мерасонад. Аз худмуолиҷакунӣ худдорӣ намуда, ба табиб муроҷиат кунед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Як қатор мушкилиҳое пеш меоянд, ки бояд мустақилона рафъ намоед. Ба ғазаб дода шудаву дар ҳалли коре ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ҳама гуна мушкилиро сари вақт рафъ карда метавонед. Аз хариди калон худдорӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат ба хостаи дили худ мерасед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз барои тамоми корҳои муҳим бобарор аст. Ҳар кореро, ки оғоз мекунед, муваффақ мегардед. Чунин имконро то моҳи дигар ба даст оварданатон душвор мегардад, аз ин рӯ фурсатро аз даст надиҳед. дар ҷодаи муҳаббат агар ба доми ёри босалобат афтед, мутеи ӯ мегардед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҳама кор ба натиҷаҳои хуб ноил мегардед. Ба ваъдаҳои атрофиён бовар накунед. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ҳолатҳои гуворо шуморо интизор аст. Нафарони муҷаррадро шиносоии тақдирсоз дар пеш аст. Ба нафарони ниёзманд меҳрубонтар бошгед. Аз таваҷҷӯҳи шумо бисёр чизҳо вобастагӣ доранд.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Агар имкон пайдо шавад, имрӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ба муноқиша роҳ надиҳед, зеро бурд карда наметавонед. Нафароне, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, дучори мушкилиҳо мегарданд. Баъди нисфирӯзӣ воқеаи хотирмон рух медиҳад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба кӯмаку дастгирии шиносону ҳамкорон ниёз пайдо мекунед. Ҳамзамон рӯзи хубест барои ишқу муҳаббат. Агар ишқи нафареро ба даст овардан хоҳед, ҷасуртар амал намоед. Баъди нисифрӯзӣ ба саломатӣ диққати бештар диҳед.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар дар ин рӯз бо шахси даркорӣ забон ёфта натавонед, суҳбатро ба рӯзи дигар воқиф гузоред. Рафту ба якравӣ роҳ диҳед, муноқиша давомнок мегардад. Аз кори вазнин худдорӣ намоед. Ҳусну ҷамоли бонувони муҷаррад диққати мардони зиёдеро ба худ ҷалб карда метавонад.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Қувваи худро эҳтиёт карда аз вазъиятҳои фишоровар дурӣ ҷӯед. Ҳама гуна камбудӣ асабтонро хароб месозад. Нерӯи худро ба кори манфиатбахш равона намоед. Вақти бештари худро ба корҳое равона созед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ бахшида тавонанд.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Айни замон дар атрофатон нафароне пайдо мешаванд, ки пешниҳоду ақидаҳои ҷолибе доранд. Бо шарофати онҳо бо паҳлуҳои бароятон номаълуми зиндагӣ ошно мегардед. Як қисми мушкилатонро бо шарофати дӯстону шиносон ва шахси дӯстдошта рафъ карда метавонед.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар масъалаҳои молиявӣ хеле эҳтиёткор бошед, аз нафароне ки ба шумо пешниҳоди ба даст овардани пули муфтакакро мекунанд, худро дур гиред. Шиносоии нав бароятон судманд хоҳад буд. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқии техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Дар роҳ хеле эҳтиёткор бошед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар дӯстону хешовандон ба кӯмаки шумо ниёз дошта бошанд, ҷавоби рад надиҳед. Ҳар коре, ки аз дастатон меояд, ба қадри имкон иҷро намоед. Фаромӯш насозед, ки некӣ фаромӯш намегардад. Шахси дӯстдоштаатон бо қароре, ки шумо қабул мекунед, розӣ намешавад, аз ин рӯ шитоб накунед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Нисбати ҳамкорон ё зердастони худ аз ҳад зиёд серталаб набошед, уҳдадориҳои худро ба китфи бегонагон бор накунед. Мушкилиҳои пешомадаро танҳо худатон бартараф карда метавонед. Баъди нисфирӯзи даромади хуби пулӣ имкон дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply