Толеъномаи 01 декабр 2017

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз босабр бошеду оромиро риоя кунед. Ба саломатии худ диққат дода, ба муоинаи духтур равед. Баъзан воситаи беҳтарини рафъи мушкилиҳо бетарафӣ ва хомӯш будан аст. Саломатиятон аз тағйирёбии вазъи ҳаво нохуб мегардад. Маблағи дар даст доштаи худро яку якбора сарф накунед.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз сафарҳо бобарор ва корҳои ҷисмонӣ фоидабахш мегарданд. Рӯзи хубест барои машғул шудан бо табобати халқӣ. Хобҳоятон амалӣ мешаванд ё ҳодисаеро пешгӯӣ мекунанд. Дар хоб дидани рақам аз он дарак медиҳад, ки ташвишатон зиёд мегардад. Дар корҳое, ки маблағгузориро талаб мекунанд, эҳтиёт шавед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз наздикон ё касбу кор дилмонда мегардед. Сафару саёҳатҳо бебарор анҷом меёбанд. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ дар кору ҳангоми харидкунӣ ҳушёриро пеша намоед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Агар бо нафаре муноқиша кунед, корро ба додзанӣ нарасонед. Ба асабоният дода нашавед, саломатиро эҳтиёт кунед.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Агар то ба имрӯз ба рухсатии меҳнатӣ набаромада бошед, зудтар аз пайи он шавед. Ҳатман истироҳат кунеду муҳити худро тағйир диҳед. Ба нафароне, ки бо тиҷорат машгуланд, бо маблағи зиёд корро сар накунед. Аз хӯрокҳои зарарнок худдорӣ намуда, саломатии худро хуб нигоҳ медоред.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Агар имкон дошта бошед, рӯзро бо аҳли оила гнузаронед. Ташвиши рӯзгор табъатонро болида месозад. Дар ин рӯз меҳрубону хушгуфтор бошед ва коратон барор мегирад. Даромади хуби пулӣ, бозёфт ё туҳфа имкон дорад. Танҳо бо кӯмаки атрофиён корҳоятон муваффақ мегардад.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хубест барои робита бо ҳамкорон ва роҳбарият, муроҷиат ба муассиса ва корхонаҳо. Ҷасурона аз пайи корҳои душвор шавед.  Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад ва минбаъд низ беҳтар шудан мегирад. Бегоҳирӯзӣ хоҳиши ягонаатон истироҳат кардану аз хоб сер шудан аст.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои нафарони эҷодкор рӯзи бобарор аст, меҳнати шуморо қадр мекунанд. Ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ҳатман дасти ёрӣ дароз кунед. Барои волидони пиратон вақт ҷудо карда, саломатии худро фаромӯш накунед. Фарзанде, ки дар ин рӯз ба дунё меояд, умри дарози бобаракат насибаш мегардад.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Хоҳиши кор карданро дар ин рӯз надоред, зеро ба дунёи худ фурӯ рафта, одаму оламро фаромӯш мекунед. Бо ҳамин сабаб хафагиву ранҷиш ва қаҳру ғазаб  эҳтимол дорад. Муносибатҳои ошиқонаатон чандон хуб нестанд. Сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ зоҳир намоед.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз аз шахсони наздикатон дилмонда мегардед. Тамоми мушкилоти молиявӣ ё вохӯриҳои корӣ бебарор анҷом меёбанд. Ҳангоми харидкунӣ ҳушёриро пеша намоед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба назди табиб рафта табъатон хира мегардад. Дӯсти деринатон ба ҷустуҷӯи шумо меояд.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аксарияти ҷаддиҳо дар ин рӯз аз ноумедиву амалӣ нашудани орзуҳояшон азият мекашанд. Кори наверо оғоз кардану харидани чизҳои қиматбаҳо маслиҳат дода намешавад. Дар хислати дӯстдоштаатон хубиҳоеро кашф мекунед, ки то ин рӯз надида будед. Агар оқилона андеша намоед, аз мушкилиҳои молиявӣ дар амон монда, асаби худро эҳтиёт мекунед.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз хонаатон пур аз меҳмон мегардад. Ба дидорбинии хешу табори роҳдур, ҳамсинф ва дигар шиносҳоятон омода бошед. Мушкилиҳои пулиро бо ташвишу даводави зиёд рафъ кардан имконпазир мегардад. Бегоҳирӯзӣ ҳатман истироҳат кунед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз нафарони зиёде ба ҳунару маҳорати шумо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Агар вазифаи наверо пешниҳод кунанд, фикр накарда, розӣ шавед, зеро рӯзҳои наздик дар зиндагиятон мушкилиҳои ҷиддӣ сар мезананд. Агар шумо мошин дошта бошед, дар ин рӯз сари чанбарак нишастанро маслиҳат намедиҳем.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply