Вазири рушди иқтисод бо ришва ба даст афтод

ИҚТИСОД, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Алексей Улюкаев, вазири рушди иқтисоди Русия боздошт шудааст, ки дар гирифтани 2 миллион доллар пора айбдор мешавад. 

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад, ки Улюкаев 14 ноябри соли равон барои пешниҳоди баҳои мусбат, ки ба “Ростнефт” имкон медиҳад, 50 дарсади бастаи саҳмияҳои “Башнефт”-ро соҳиб шавад, ду миллион доллар гирифтааст.

Нисбати вазир дар асоси моддаи гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз шудааст ва ӯро аз 8 то 15 соли зиндон  дар назар аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply