Тошканд 40%  ба Тоҷикистон газариш кард

ИҚТИСОД, ХАБАРИ ТОЗА

Ӯзбекситон  ҳақи интиқоли бор ба Тоҷикистонро тариқи роҳи оҳан 40 фоиз арзон кардааст. Дар ин бора Даврон Деҳқонов, ноиби раиси ширкати «Узбекистон темир йуллари» зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Ба иттилои ӯ аз ин ба баъд ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вусъат ёфта, ҳадафи тахфиф густариши боркашонӣ тариқи роҳи оҳан мебошад: “Бо ҳамкорони тоҷик муносиботи гарму боэътимод дорем. Мунтазам мулоқот мекунем, ки имкон медиҳанд тамоми масоили марбут ба боркашониро сари вақт ҳал намоем”.

Ба суол, ки оё Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор кардани ҳаракати қатора т ариқи роҳи Ғалаба-Амузанг, ба Хатлонро баррасӣ кардаанд, Деҳқонов посух додааст, ки феълан Ӯзбекистон зарурати бунёди қитъаҳои нави роҳи оҳан миёни ду кишварро намебинад: “Тамоми талаботи интиқоли бор ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Кудуклии вилояти Сурхондарё феълан қонеъ шуда истодааст. Таъхиркорӣ нест, бор саривақт расонда мешавад, бинобар ин талаботи хосе барои бунёди қитъаи нави роҳи оҳан нест”.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply