Пирӯзии Трамп милионерҳои русро сарватмандтар кард

ИҚТИСОД, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Аз ҳама зиёдтар сарвати Генадий Тимченко, ки дар заминаи ишғоли Қрим таҳти таҳимҳои Амрико қарор дорад ва Леонид Михелсон афзоиш ёфт. Ба гуфтаи Forbes, ширкати гази НОВАТЭК ба афзун шудани дороиҳои ин ду нафар кӯмак кардааст. Ҳоло сарвати Тимченко 15 миллиард ва Михелсон беш аз 18 миллиард аст.

Маҷалла ҳамчунин молики ширкати ҳолдингии «Сибур»- Кирилл Шамоловро зикр кард, ки хабаргузории Reuters ӯро домоди президент Путин гуфтааст. Forbes дар бораи дороиҳои Шамолов рақам наовардааст.

Дороии миллиардерҳои Русия на танҳо дар заминаи афзоиши саҳҳом бештар шуд. Ба ин раванд то 20 дар сад мустаҳкам шудани рубли русӣ низ мусоидат кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply