Нархи орд гарон шуд

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Дар як қатор шаҳру вилоятҳои Туркманистон норасоии орд мушоҳида мешавад. Манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 1 декабр хабар доданд, ки нархи орди навъи якум дар вилоятҳои Марӣ ва Ахали ин кишвар ду баробар боло рафтааст.

«Нархи миёнаи як халта орди навъи якум 50 манат (ҳудуди $14) буд ва ҳоло он ба беш аз 100 манат расидааст», — изҳор дошт як ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, бо ин нарх ҳам баъзан наметавон дар фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ордро пайдо кард.

Ба гуфтаи як манбаъ аз вилояти Марӣ, таксиҳои хусусие, ки бо интиқоли мусофирон миёни ин вилоят ва шаҳри Туркманобод машғуланд, баъзан орд ҳам мекашонанд. «Дар Лебап бисёриҳо аз тарси он ки орд гарону камчин мешавад, онро харида, захира кардаанд», — афзуд манбаъ.

Бо ин мушкил сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ҳам рӯбарӯанд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо аз Ишқобод, дар ҳоли ҳозир, дар тамоми фурӯшгоҳҳои давлатии шабакаи «Туркменбакалея» фурӯши орди истеҳсоли хориҷӣ манъ шудааст. Ҳамчунин норасоии орди истеҳсоли дохилии навъи якум ҳам мушоҳида мешавад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар Туркманистон сокинон бештар орди Русия ва Қазоқистонро мехаранд, ки феълан, ин навъи ордҳоро дар фурӯшгоҳҳои хусусии Ишқобод на ҳамеша метавон пайдо кард.

Кормандони фурӯшгоҳҳои давлатии Ишқобод далели норасоии орди навъи якумро ба афзоиши муштариёни он рабт медиҳанд. «Фурӯши ордро маҳдуд накардаанд ва бинобар ин ҳар вақте орд омад, мо онро мефурӯшем», — афзуд яке аз онҳо.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply