Хунук муҳоҷирро беангушт мекунад

ИҚТИСОД, МУҲОҶИР, ХАБАРИ ТОЗА

Дар сар то сар Русия ҳоло сардиҳои шадид ҳукмфармост. Ба асари он бештар муҳоҷирон азият мекашанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро, ки ангуштонашро хунук задааст ва  ҳоло дар бемористони Александровскаяи шаҳри Санкт-Петербург бистарӣ аст, табибон мехоҳанд онҳоро  бурранд.  Ӯ рӯзи 6 январ ба беморхона омада, гуфтааст, дастонашро рӯзи 5 январ дар ҳудуди як қитъаи сохтмонӣ дар шаҳраки Янинои ноҳияи Всеволожскаяи вилояти Ленинград сард задааст.

Дар ҳамин ҳол, табибон аз бошандагони Санкт-Петербург даъват кардаанд, аз эҳтиёт кор бигиранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply