Ду баробар афзоиш ёфтани тиҷорат миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзоиш ёфтааст. Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 12-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, омори мушаххаси тиҷорати ду кишварро феълан гуфта наметавонад, аммо дақиқ аст, ки гардиши мол миёни ду кишвар бештар аз ду маротиба, зиёд шудааст.

Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон аз Узбакистон ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ, ғалла, техникаву таҷҳизот ва дигар молҳои ниёзи мардум, ворид шудааст. Шариф Саид дар навбати худ таъкид кард, ки соҳибкорон аз Тоҷикистон ба Узбакистон семент ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, содирот кардаанд.

Аммо бинобар омори фаврии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар давраи моҳҳои январ-майи соли равон, Тоҷикистон ба Узбекистон ба қадри 20 миллиону 617 ҳазор доллар мол содир карда, ба миқдори 25 миллиону 681 ҳазор доллар мол, ворид кардааст. Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ду кишвар дар ин давра каме беш аз 46 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ду маротиба бештар аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply