Дорӯҳои «бегона» ба Туркманистон дигар намедарояд

ИҚТИСОД, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Сокинони Туркманистон мегӯянд, дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод бағочи дастии мусофирон иҷборан тафтиш ва доруҳои онҳо мусодира мешаванд.

«Вақте дар таътили зимистонӣ аз Белорус баргаштам, дар фурудгоҳи Ишқобод маро ба шуъбаи хадамоти гумрук бурда, хостанд, ҷузвдони худро рӯи миз холӣ кунам. Дар дохили он доруҳои «Корвалол», «Валидол», «Ситрамон» ва «Паратсетамол» буданд, ки барои модарам мебурдам. Ҳамаи доруҳоро гирифтанд», — гуфт донишҷӯи туркмани яке аз донишгоҳҳои Белорус.

Ӯ мегӯяд, кормандони хадамоти гумруки Туркманистон сабаби мусодираи доруҳоро шарҳ надода, санадеро ҳам ироа накарданд, ки воридоти доруро ба ин кишвар расман манъ мекунад.

Талошҳо барои дарёфти назари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон роҷеъ ба мусодираи доруҳои мусофирон дар фурудгоҳи Ишқобод бенатиҷа буд.

Мусодираи доруҳои мусофирон дар фурудгоҳи Ишқобод дар ҳолест, ки расонаҳо ахиран аз камёфт шудан ва болоравии нархи дору дар Туркманистон хабар доданд. Ба гуфтаи манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар баъзе аз муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳои ин кишвар ҳатто сӯзандору ёфт намешавад ва аз беморон талаб мекунанд, ки доруҳои лозимиро бо худ биёранд.

Тайи соли 2017, ки мақомоти Туркманистон онро «Соли тандурустӣ» эълон карда буданд, нархи дору дар он кишвар чанд баробар боло рафт. Мақомот сабаби камчин шудани дору ва болоравии нархи онро ҳатто дар дорухонаҳои давлатӣ шарҳ намедиҳанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply