Қазоқистону Ӯзбекистон гардиши молашонро ба 5 миллиард мерасонанд

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон

Ҳаҷми гардиши мол миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дар як соли охир ду баробар афзуда, ба 2 миллиард доллар расид. Кишварҳо ҳадаф доранд, ки ин нишондодро ба 5 миллиард доллар расонанд, гуфт Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

«Доду гирифт бо Ӯзбекистон барои Қазоқистон — манфиатовар ва зарурист. Ҳамкориҳои мо беҳбуд меёбанд. Дар як сол тиҷорат ду маротиба афзуд — аз 1 миллиард доллар ба 2 миллиар расид. Мо ҳамроҳ бо президенти нави Ӯзбекистон Мирзиёев созиш кардем, ки ин нишондодро ба 5 миллиард расонем», — хабар дод Назарбоев.

Вай хотиррасон кард, ки дар Костана корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳои дорои муҳаррики электронӣ ё барқӣ сохта шудааст. Ҳалли масъалаи нақлиёт ҳамчунин ба рушди тиҷорати дуҷониба мусоидат кардааст.

«Мо ҷонибдорем, муносибатҳои пешин, ки миёни зиёиён, ҷавонон вуҷуд дошт, идома ёбад. Соли ояндаро дар Қазоқистон мо соли Ӯзбекистон ном гузоштем. Ҳамчунин рӯзҳои Қазоқистон дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Ин барои ҳамкориҳои дуҷониба зарур аст», — афзуд Назарбоев.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply