Ҳасибҳои «Шаршара» аз гушти хар тайёр мешаванд

ДИН ВА ҶОМЕА, ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Додситонии кулли Ӯзбекистон расман тасдиқ кард, ки ба корхонаи ҳасиббарории «Шаршара» дар шаҳри Тошканд наздики 70 кило гӯшти хар оварда шудааст. Бино бар иттилои додситонӣ, кормандони корхона ин гӯштро бо гӯштҳои дигар омехта кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Хабар дода мешавад, ки гӯшти хар ба ин корхонаи Тошканд аз вилояти Хоразм оварда шудааст.

Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо исми Ш.Ш. Раҷабов мегӯяд, ба ин корхона ба таври мунтазам гӯшти хар меоварданд. Ба гуфтаи вай, ҳар килои он 1,5 доллар арзиш дорад.

Нисбати корхонаи мазкур парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Аммо як соҳибкори ӯзбек мегӯяд, тафтиш ва кушодани парванда зидди муассиси ширкати мазкур Лутфулло Убаев фармоишӣ аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply