Акнун мошинҳои узбекӣ дар Қирғизистон истеҳсол мешавад

ИҚТИСОД, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Ӯзбекистон тасмим дорад, истеҳсоли чаҳор навъи мошинҳои Ravon ва автобусҳои Isuzu-ро соли 2018 дар Қирғизистон ба роҳ монад. Корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Қара-Балта сохта мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Оҷонсии муаррифӣ ва ҳифзи сармоягузории Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Мудири оҷонсӣ ва роҳбари ширкати «Узавтосаноат» дар ҷараёни нишасти хабарии 25 декабр дар шаҳри Бишкек аз ҳосил шудани созишнома дар бахши мошинсозӣ иттилоъ доданд.

«Ҷонибҳо бар ин назаранд, ки рушди саноат, аз ҷумла мошинсозӣ яке аз ҳадафҳои авалиндараҷаи сиёсати давлатӣ аст, зеро он боиси ҷойҳои кории зиёд, рушди содирот ва афзудани нуфузи давлат мешавад. Дар ҳамин ҳол, бояд таҷрибаи Ӯзбекистон дар бахши саноати мошинсозӣ ба назар гирифта шавад», — менависад маркази матбуотӣ.

Дар шаҳри Бишкек интизор меравад, корхонаи истеҳсоли автобусҳои навъи Isuzu сохта шавад. Арзиши ин автобусҳо вобаста ба ҷойҳои нишасташон аз 38 то 77 ҳазор доллари ИМА хоҳад буд. Ҳамаи мошинҳои истеҳсолии се корхонаи мазкур дар бозори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба фурӯш бароварда мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply