60 миллион доллари ИМА барои «Шаҳри ҳушманд»

ИҚТИСОД, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, ҶАҲОН

Лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар Қирғизистон аз сӯи ширкати чинии Huawei Technologies Co амалӣ мешавад. Бо ин ширкат рӯзи 11 январ созишнома баста шудааст.

Маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад, ки барои лоиҳаи мазкур 60 миллион доллари ИМА харҷ хоҳад шуд.

Ширкати «Huawei Technologies Co., Ltd» бояд ҳамаи дастгоҳҳои лозимӣ ва хизматрасониҳоро барои таъмини иттилои шахсӣ фароҳам оварад.

Иҷрои лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал бехатариро дар кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрҳои Бишкеку Ӯш таъмин карда, роҳҳои асосии шаҳрҳо, чаҳорроҳҳо, маконҳои иҷтимоиро фаро мегирад ва барои ҳалли фаврии баҳсҳо ҳангоми садамаҳо кӯмак мерасонад. Инчунин бо хатарҳои ҷиноиву террористӣ ба таври муассир мубориза мебарад.

Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон гуфт, ки амалисозии лоиҳа ним солро дар бар мегирад.

Пештар Исҳоқов гуфта буд, Huawei — ширкати бузургест. «Лоиҳаи «Дубайи ҳушманд»-ро кӣ амалӣ кард? Huawei. Технологияи мо низ тақрибан мисли Дубай хоҳад буд, ҳатто мумкин аст, аз онҳо беҳтар шавад, зеро мо баъди онҳо ин корро анҷом медиҳем», — афзуд вай.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply