30 корхонаи Ӯзбекистон дар намоишгоҳи Хуҷанд иштирок карданд

ИҚТИСОД, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА

Намояндагони беш аз 30 ширкату корхонаи Узбакистон дар намоишгоҳи байналмилалии Хуҷанд иштирок карда ва хостори ҳамкории бештар бо ҳамтоёни тоҷики худ шуданд. Ин намоишгоҳ рӯзи 16-уми июн дар маркази вилояти Суғд ифтитоҳ гардид ва дар ҳамин рӯз намояндагии Утоқи савдо ва саноати Узбакистон дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Дар намоишгоҳи чаҳоруми байналмилалии Хуҷанд намояндагони Русияву Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ҳам ширкат карданд.

Корхона ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ сабзавот, меваи тару хушк ва шарбату нӯшобаҳоро пешниҳод намуданд, ки ба қавли тоҷирони тоҷик харидори хориҷиро бештар ҷалб мекунад. Виктор Полянин, мушовири сафири Беларус дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш хостори содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон аст, вале набуди роҳи мустақим ин орзуро дар нимароҳ гузоштааст.

“Ҳамин сол кишварҳои мо санаде ба имзо расонданд, ки боз кардани хатсайри мустақим ё бо роҳи Тошканд аз Тоҷикистон ба Беларусро дарбар мегирад. Боз кардани хатсайри боркашонии байни Тоҷикистону Беларус ё тавассути Тошканд, ба густариши равобит ва тиҷорат миёни кишварҳои мо ва содироту воридот, мусоидат хоҳад кард”, — афзуд Виктор Полянин.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply