11%-и одамони сайёра гуруснаанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ИҚТИСОД, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Ба ҳисоби ФАО, барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон 815 миллион нафар, яъне 11 дарсади аҳолии сайёра ё ҳар нафари нуҳум азоби гуруснагӣ мекашанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», Жозе Гратсиану да Силва, мудири кулли ФАО рӯзи 4 декабр дар Рум дар ҷаласаи Шӯрои Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, баъди чанд даҳсолаи коҳиши шумораи гуруснагон сайёра дигарбора дар баробари тамоюли афзоиши теъдоди онҳое, ки ба камбуди ғизо рӯбарӯ мебошанд, қарор гирифтааст.

Низоъҳои мусаллаҳона, тағйири иқлим ва офатҳои табиӣ аз омилҳои умдаи дубора рӯ ба афзоиш овардани шумори мардуми гурусна дар ҷаҳон гуфта мешавад. Жозе Гритсиану дар муқобили ин чолиш хостори иқдомоти сареъи ҷомиаи байналмилалӣ шуд ва гуфт, танҳо бо рӯи даст гирифтани чунин тадбирҳои оҷил метавон ба ҳадафи асосӣ – комилан аз байн бурдани гуруснагӣ то соли 2030 – ноил гардид.

Владимир Рахманин, намояндаи минтақавии ФАО ба радиои Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ 14 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд: «Камбизоатӣ як мониаи ягона ва аз ҳама ҷиддӣ дар роҳи расидан ба амнияти ғизоӣ боқӣ мемонад. Вазъи аз ҳама бад дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки беш аз дувуним миллион нафар аз аҳолиаш ба камбуди ғизо рӯбарӯ мебошанд. Дар Узбекистон ҳудуди 2 миллион нафар ба камбуди ғизо рӯбарӯянд.”

Аз нигоҳи таносуби аҳолӣ вазъи Тоҷикистон дар муқоиса бо Узбекистони ҳамсоя боз ҳам вахимтар ба назар мерасад, чунки 2 миллион аҳолии гуруснаи Узбекистон ҳудуди 6 дарсад аз аҳолии он кишварро ташкил медиҳад. Вале дувуним миллионе, ки дар Тоҷикистон ба камбуди ғизо рӯбарӯянд, баробари тақрибан 30 дарсади аҳолии ин кишвар аст.

Коршиносони ФАО мегӯянд, шумораи гуруснагон дар дунё дар даҳсолаҳои охир пайваста коҳиш меёфт, вале дар солҳои 2014-2016 ҷомиаи байналмилалӣ дар мубориза бо гуруснагӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва теъдоди гуруснагон дигарбора рӯ ба афзоиш овард.

Ва аммо дар ҳоле ки шумори гуруснагон дар дунё меафзояд, дар кишварҳои ободу пешрафта як тамоюли баракс – пурхӯрӣ боз ҳам бештар ба чашм мерасад. Дар солҳои 2000-2014 шумори мардуми фарбеҳ 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Шумори аз ҳама бештари мардуми вазнашон аз меъёр зиёд дар Аврупои ҷанубушарқӣ ба сар мебаранд. Афзоиши сатҳи даромади аҳолӣ, ғизои калорияаш зиёд ва зиндагии беҳаракат аз сабабҳои асосии фарбеҳшавӣ ном бурда мешаванд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply