100 телефон дар як “зарядник”

ИҚТИСОД, Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Барои доимо фаъол  будани телефон мебояд  се ё чор маротиба дар як рӯз  онро ба барқ пайваст менамоем, то қувва гирад. Технологҳо барои каме ҳам осон намудани азоби мо акумляторҳои қуввадиҳандаро ихтироъ кардаанд. Лек ҳам ину ҳам он моро ба назди васлаки барқӣ (разетка) мебарад.  Ҳамаи ин ҳолатҳои ногуворро асбоби навихтироъшудаи Wi-Charge метавонад тағийр диҳад. Ихтирои нав иконият медиҳад, ки тамоми телефонҳои мобилии дар як хона ва ё  як ҳуҷра ба он пайваст шаванду  қувва гиранд. Ин пайвастшавӣ бе ноқил аст.

 Бояд қайд намуд, ки ин асбоби қуввадиҳандаи бе симро дар шифти хона насб намуда, тамоми телефону планшетҳои дохили хонаро ба он пайваст намудан мумкин аст.

Гурӯҳи ихтироъкорон барои ҳамаи намуди акумляторҳои телефон, Wi-Charge-ро мувофиқ намудаанд.

 Ҳозир ин ихтирои нав дар ҳоли озмоиш аст ва  нисбати атроф ва умуман ба саломатии одам чӣ таъсир доштанаш муайян шуда истодааст. Агар ин асбоб ба бозор барояд, моро аз азоби қувваи барқкобӣ озод менамояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply