• 29.01.2019

Занозании мактабачагон бо марг анҷомид

Марги наврас дар натиҷаи занозании гуруҳӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Шалкари вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо моддаи куштор таҳқиқ мешавад. Арон Абилов, додситони ноҳияи Шалкар 28 январ гуфт, бо моддаи «Куштор» парванда боз шудааст. Ҳодисаи марги наврас ҳафтаи гузашта рух дод. Занозанӣ байни хонандагони ду мактаби ноҳияи мазкур сар зад. Дар натиҷаи ин занозанӣ […]

  • 25.01.2019

Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ карданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҳамчунин атрофи доираи […]

  • 24.01.2019

Тирпаронӣ дар марз бо марги марзшикан анҷомид

Дар наздикии марзи байни Қирғизистону Қазоқистон рӯзи 23 январ як марзшикан паронида шуд. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад. Дар минтақаи Жайилгани вилояти Талас се каси ношинос 10-15 аспро ғайриқонунӣ аз марзи Қирғизистон ба Қазоқистон гузарониданд. «Марзбонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва талош карданд марзшиканонро боздошт кунанд. Марзшиканон муқовимат нишон доданд», — […]

  • 24.01.2019

“Истон” маъқул нест,  «Корруптистон» чӣ?

Дар Қазоқистон талаб доранд, ки пасванди “истон” (стан) аз номи ин кишвар ҳазф карда шавад. Озод Перуашев, вакили порлумони Қазоқистон, рӯзи 23-юми январ аз нахуствазири он кишвар хостааст, Қазоқистонро расман ба Ҷумҳурии Қазоқӣ табдил диҳанд. Перуашев дар як дархости депутатӣ ба нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, соли 2020 аз ташкили ин кишвари Осиёи Марказӣ 100 сол мегузарад […]

  • 21.01.2019

Қотилони нозири табиат дастгир шуданд

Дар Қазоқистон се нафареро, ки дар ҳамла ба кормандони ширкати давлатии «Охотзоопром» дар вилояти Қарағанда айбдор мешуданд, дар Қизилорда боздошт карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла як нозири табиат ба ҳалокат расида буд. Ба гуфтаи сардори Департаменти иртиботи дохилӣ ва хориҷии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Алмос Садубоев, ин се мардро дар натиҷаи як амалиёти махсус дар […]

  • 21.01.2019

400 нафар дар муҳосираи барф монданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки 20 январ дар километри 681-уми шоҳроҳи «Алмато- Уст-Каменогорск», дар ҳудуди ноҳияи Урҷари вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба далели бӯрони сахт даҳҳо мошин банд монданд. Ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур аз соати 12:00-и зуҳри он рӯз қатъ карда шуд. Дар шоҳроҳи «Алмато- Уст-Каменогорск» ҷамъан 7 автобус, 45 камаз, 30 мошини сабукрав […]

  • 18.01.2019

18-соли зиндон барои қотилони Денис Тен

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон Ормон Кудайбергенов ва Нуралӣ Қиёсовро, ки дар қатли варзишкор Денис Тен муттаҳам шуданд, 18-солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Пештар аз ин додситонӣ барои муттаҳамон 20-солии зиндон талаб карда буд. Жанар Толибоеви 23-сола, ки дар нарасонидани хабари ҷиноят айбдор мешуд, 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Муттаҳамон дар ҷаласаҳои додгоҳ аз кардаашон […]

  • 16.01.2019

Талаби 20-соли зиндон ба қотилони Денис Тен

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Алмато хост, Ормон Қудойбердиев ва Нуралӣ Киясов, гумонбарон дар куштори варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тенро 20-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Барои гумонбари севум Жанар Толибоева, ки дар хабар надодан ба мақомот айбдор аст, чаҳор соли зиндон талаб шуд. Гумонбарон дар мурофиаи ахир айби дуздиро ба гардан гирифтанд, вале гуфтанд, ки […]

  • 16.01.2019

Гумонбари таҷовузи духтари 9-сола боздошт шуд

Пулиси Қазоқистон хабар дод, гумонбари таҷовузи духтари нуҳсола дар шаҳри Чимкент боздошт шуд. Бо гумони таҷовузи духтар сокини шаҳри Алматоро боздошт кардаанд. Шоҳидон ва худи ҷабрдида даст доштани боздоштшударо дар ин ҷиноят тасдиқ кардаанд. 9 январ пулис хабар дод, ки тафтиши пешакии таҷовузи духтари ноболиғро шуруъ кардааст. Ҳодисаи таҷовуз 5 январ рух дода буд.

  • 03.01.2019

Соли 2019 ҳаҷми маош ва нафақа боло рафт

Дар Қазоқистон сар аз соли 2019 ҳаҷми маош ва нафақа боло рафт. Дар ин бора сомонаи сарвазири он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои сомонаи мазкур, ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз 72 доллар ба 110 доллар мерасад. Гуфта мешавад, болоравии маоши ҳадди ақал ба 1 миллиону 300 ҳазор қазоқистонӣ дахл хоҳад кард. Ҳамзамон ҳаҷми нафақаҳо низ […]

  • 28.12.2018

Диаспораҳои миллӣ барои пешгирии терроризм

Мизи мудаввар «Нақши диаспораҳои миллӣ дар мубориза бар зидди идеологияҳои террористӣ, ифротгароӣ ва муқовимати ғайриқонунии муҳоҷирон», ки 24-уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи «Солюкс»-и ш.Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид. Инчунин дар чорабинӣ, мушовири намояндагии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато, сардори намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато Властимила Самег, муовини, сардори намояндаи […]

  • 27.12.2018

Моделро барои либоси нимбараҳнааш ҷазо доданд

Модел аз Қазоқистон Динагул Тасова мегӯяд, дӯстписараш ӯро баъди вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба либоси нимаурёнаш дар як намоишгоҳи мӯди шаҳри Остоан сахт латтукӯб кардааст. Ба гуфтаи Тасова, бештари корбарон вайро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадахлоқӣ айбдор карданд ва аз ин дӯстписараш ба ғазаб омада, ӯро зери мушту лагад қарор додааст. Ҳамчунин телефону компютери ӯро […]

  • 18.12.2018

Ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ шудани филм аз ҳаёти муҳоҷир

Филми «Айка»-и коргардони қазоқ Сергей Двортсевой ба феҳристи номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ» шомил шуд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба созмондиҳандагон иттилоъ додааст. «Айка» аз сӯи Қазоқистон пешниҳод шудааст. Он барои дарёфти ҷоизаи «Оскар» бо филми мексикоии «Рим»-и Алфонсо Куарон, барандаи «Нахли тилоӣ»-и ҷашнвораи Канн – […]

  • 14.12.2018

Заҳролудшавии 11 хонанда дар дарси кимиё

Дар ноҳияи Енбекшиқазоқи вилояти Алматои Қазоқистон 12 декабр 11 кӯдак пас аз дарси кимиё дар мактаб бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд. Ба иттилои Идораи тандурустии Алмато, ба бунгоҳи тиббии деҳаи Қаракемер хонандагони синфи 7-и мактаби ба номи Оринбетов муроҷиат карданд. Дар дарси кимиё ҷамъан 27 хонанда ҳузур доштанд, вале танҳо 11 тани онҳо […]

  • 11.12.2018

12 миллион муштарӣ аз алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд

 Дар Қазоқистон эҳтимол аст, алоқаи мобилии 12 миллион муштариро аз аввали моҳи январи соли 2019 қатъ кунанд. Онҳо рамзи IMEI-и телефонҳои ҳамроҳи худро ба қайд нагирифтаанд. Бар пояи қонуни нави «Алоқа»-и Қазоқистон, ширкатҳои мобилии ин кишвар аз 1 январи соли 2019 ҳақ надоранд, ба муштариёне хидмат расонанд, ки рамзи IMEI-и телефонҳояшонро сабт накардаанд. «Дар ҳоли […]