• 15.03.2019

Суғд: Гирифторони ҷоғар 1384 нафар зиёд шудаанд

Соли 2018 дар  Маркази клиникави  эндокринологии  вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон  Набиев  42235 нафар бемории ҷоғар дарёфт карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати ба ҳамин давраи соли 2017 1384 адад зиёд аст. Ба гуфти сарвари Марказ Набиев Алишер Ҷаҳонович  агарчӣ муроҷиат зиёд аст, аммо нисбат ба солҳои қаблӣ аз рӯи нишондод ба 100000 аҳолӣ гирифторшавӣ ба […]

  • 14.03.2019

Чор таҷҳизоти тиббӣ ба беморони саратон ба арзиши 23000 сомонӣ 

Соли 2018 ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд 19035 нафар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 2995 нафар зиёд аст.

  • 06.03.2019

Прокурор: Барқасдона гузарони ВНМО дар як моҳ аз як сол ҳам зиёд шудааст

Прокурор: Барқасдони гузарони ВНМО дар як моҳ аз як сол ҳам зиёд шудааст Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Водиҳидов изҳори нигаронӣ кард, ки танҳо дар давоми  моҳи январи соли 2019 нисбати 7 нафари мубталоёни ВНМО  бо моддаи 125 Кодексия ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дидаву дониста таҳти хавфи сироят қарор додани одами дигар ) парвандаи  ҷиноятӣ оғоз шудааст.  […]

  • 13.02.2019

Назарзода: Дар як моҳи соли 2019  19 нафарро баргардонидем

Ба иттилои Раёсати  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал -майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 58 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда ихтиёран аз хориҷи кишвар баргашта, ба Шуъбаҳои  Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозир шуданд. Ба гуфти сардори Раёсат  то санаи 01 январи соли 2019 аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳамагӣ […]

  • 08.02.2019

Қатъи фаъолияти 36 масҷид дар Истаравшан

Давоми ду сол дар шаҳри Истаравшан фаъолияти 36 адад масҷидро қатъ карданд.  Бино ба гуфти раиси шаҳр Баҳром   Иноятзода соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва соли 2018 фаъолияти 12 масҷид дар шаҳр манъ карда шудааст:- “Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набарамадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд ҳамааш аз […]

  • 08.02.2019

Суғд: 9 ҷинояти хонандагони мактаб дар як моҳ

Дар соли 2018 аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон 207 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 174 ҷиноят танҳо бо иштироки ноболиғон сурат гирифтааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,  Каримзода Осим  сол то сол ҷиноят байни ҷавонон ва хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ зиёд шуда истодааст: -“Масалан, соли 2017 агар 170 ҷиноят аз […]

  • 05.02.2019

Суғд: Гирифторони ВНМО 80 нафар зиёд шудааст

Гирифторшавӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд соли 2018  80 ҳодиса зиёд шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  Фаррух Мақсудзода давоми соли 2018 дар вилоят 389 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки синну соли шумораи умумии онҳо 30-то 49 сола аст: -“Дар қайди марказ 2384 […]

  • 05.02.2019

          Ғафуров:  5482 оила  соҳиби  Сертификати замин шуданд

Бо 7 адад қарорҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 6014 оилаҳои эҳтиёҷманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва масоҳати 0, 06 гектарӣ дода шуд.  Бино ба гуфти раиси ноҳия Зариф Назирӣ Аз 6014 оилаҳои эҳтиёҷманде, ки ба онҳо қитъаи замин ҷудо карда шуд 5482 оилаҳо бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ корҳои сохтмониро […]

  • 04.02.2019

Хуҷанд:  Фаъолияти 6 муассисаҳои сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд 6 муассисаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла  Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”,  ҶДММ “Саёҳати олӣ”,  “Суғдиён Помир-тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зафаршон” фаъолият бурда истодаанд.  Ба гуфти раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ   хатсайрҳои “Шоми Душанбе”, “Искандаркӯл” ва “Ҳафткули мӯҷизадор”  фаъолияти пурсамар доранд. “Айни […]

  • 04.02.2019

62 ҷинояти занҳо дар Бӯстон

Танҳо дар давоми соли 2018 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода гуфт: -Теъдоди ҷинояткорӣ дар шаҳр нисбат ба соли 2017 22-адад зиёд шудааст. Шумораи умумии ҷиноятҳо ҷинояти дуздӣ буда, 31 нафар занон 62- ҷинояти дуздиро содир кардаанд. Фарзона Муродӣ

  • 31.01.2019

      Худкушии 16 ноболиғ дар Суғд

Соли 2018 дар вилояти Суғд  аз ҷониби занон 81 нафар худкушӣ ва сӯйқасд ба он  ба қайд шудааст, ки аз ин шумора  16-нафарашон  ноболиғ ҳастанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад зиёд аст. Ба гуфти Нигорахон Ғаффорзода, сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд шумораи худкушӣ ва сӯйқасд ба он […]

  • 31.01.2019

Пошхӯрии 4046 оила дар Суғд

Давоми соли 2018 дар вилояти Суғд 4046 оила пош хӯрдааст.  Бино ба гуфти садори шӯъбаи Раёсати сабти асноди  ҳолати шаҳрвандӣ(САҲШ)-и  вилояти  Суғд Муқаддима  Ҳошимзода , аз ин шумора 2578 адад бо қарори суди шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифтааст: -Дар натиҷаи пошхӯрии ин оилаи 2893 нафар кӯдакон аз тарбия  ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар […]

  • 31.01.2019

Наҷмиддинов: Бо хоку кулуххӯрӣ витамин расо намешавад

Мувофиқи омор солҳои охир яке аз муаммоҳои асосӣ дар соҳаи тандурустӣ ин камхунӣ дар байни аҳолӣ гаштааст. Дар мавриди ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он суҳбате доштем бо директори Филиали муассисаи давлатии “Марказии ҷумҳуриявии илмии хун” дар вилояти Суғд Мирхалил Наҷмиддинов, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мекунем: -Камхунӣ чист ва сабабҳои гирифторӣ ба ин намуди […]

  • 21.01.2019

  Кишоварзӣ: Тағйирёбии иқлим ин мубориза барои зистан!

Дар Тоҷикистон тӯли як сол занҳо аз роҳбарӣ дар 3500 хоҷагиҳои деҳқонӣ даст кашиданд. Ҳанӯз соли 2007 13,4 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро занҳо ташкил дода, баъди Қарори ҳукумат оид ба ислоҳоти замин то ба  21,4 % баробар гардида буд. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро занон лаҷоми роҳбариро оҳиста ба дасти мардон месупоранд ва […]

  • 10.11.2018

Истаравшан: Худкушии ҷавонмард дар вақти нонушта  

Худкушии ҷавонмард  дар вақти нонушта, яъне соати 7-и пагоҳӣ ду ҳафта пеш рух дода буд. Аммо то ҳол сабаби сар задани чунин ҳолат “саволи мутлақ ” аст. Ҳамагон ва шоҳидон на танҳо аз ҷавон будани шахси худкуш, балки аз оилаи зиёӣ буданаш бештар афсус хӯрда мегуфтанд: Охир Аслонҷон писари одами хондагӣ, худаш ҳам маълумоти олидор…Оилааш […]